Мавсими ҷамъоварии пахта пеш аз мӯҳлат оғоз мегардад

Душанбе. 3-юми август. «Азия-Плюс» — | Соли равон мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта нисбат ба солҳои пешин пеш аз мӯҳлат оғоз мегардад. Директори Донишкадаи зироаткории Академияи улуми Тоҷикистон, доктори илм Саидҷамол Саидов дар робита ба ин масъала мегӯяд, баҳори хушк ва ҳарорати баланд дар фасли тобистон ба ин сабаб шудааст. Ба қавли ӯ, дар минтақаи ҷануби […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 3-юми август. «Азия-Плюс» — | Соли равон мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта нисбат ба солҳои пешин пеш аз мӯҳлат оғоз мегардад.

Директори Донишкадаи зироаткории Академияи улуми Тоҷикистон, доктори илм Саидҷамол Саидов дар робита ба ин масъала мегӯяд, баҳори хушк ва ҳарорати баланд дар фасли тобистон ба ин сабаб шудааст.

Ба қавли ӯ, дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пунбадона аз 10-уми август оғоз хоҳад гардид. Деҳқонони водии Ҳисор моҳи сентябр ба ғунучини ҳосили пунбадона шурӯъ хоҳанд кард. Дар минтақаи шимоли кишвар мавсими ҷамъоварии пахта пас аз 10-уми сентябр оғоз мешавад.

«Мувофиқи пешгӯйиҳо, имсол дар ҷумҳурӣ на камтар аз ним миллион тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда мешавад, ки беш аз 15 ҳазор тоннаи он пахтаи маҳиннах буда, ин миқдор дар замони истиқлоли ҷумҳурӣ ҳосили рекордӣ хоҳад буд», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки соли равон аз як гектар ба даст овардани 26 сентнер ҳосил пешгӯйӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли равон дар ҷумҳурӣ дар майдони 203 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст. Соли гузашта пунбадона дар майдони 160,4 ҳазор гектар кишт гардида, 310 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.