Tcell ба тоҷикистониён тақвими моҳи Рамазонро тақдим месозад

Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Нахустин оператори GSM-и Тоҷикистон – Tcell дар моҳи шарифи Рамазон ба муштариёни худ тӯҳфаи гуворое тақдим намуда, аз 1-уми август хизматгузории SMS-тақвими моҳи Рамазон-2011-ро мавриди истифода қарор дод. Барои насби хизматгузорӣ муштариро лозим аст, ки ба рақами *122# SMS-и холӣ равона созад. Қулай ва мусоид будани хизматгузории мазкур дар […]

Asia-Plus

Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Нахустин оператори GSM-и Тоҷикистон – Tcell дар моҳи шарифи Рамазон ба муштариёни худ тӯҳфаи гуворое тақдим намуда, аз 1-уми август хизматгузории SMS-тақвими моҳи Рамазон-2011-ро мавриди истифода қарор дод.

Барои насби хизматгузорӣ муштариро лозим аст, ки ба рақами *122# SMS-и холӣ равона созад. Қулай ва мусоид будани хизматгузории мазкур дар он ифода меёбад, ки тақвим ҳамарӯза нав шуда, вобаста ба минтақа дар бораи вақти доштани рӯзаву ифтор маълумот ирсол мегардад.

Ширкати Tcell хизматгузории мазкурро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ба таври ройгон пешкаш менамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ширкати Tcell тоҷикистониёнро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, ҷонибдори ободиву осудагии рӯзгори ҳар як хонадони тоҷик аст.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.