Зери чархи мошин мондани модарону кӯдакон дар Қайроққум

Хуҷанд. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Бар асари як садамаи нақлиёт дар минтақаи шимоли кишвар се тан ҳалок ва як кӯдаки ноболиғ дар беморхона бистарӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл дар кӯчаи марказии шаҳри Қайроққум ронандаи автомашинаи тамғаи хориҷии «Toyota», сокини 25-солаи ноҳияи Ғончӣ Бунёд […]

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Бар асари як садамаи нақлиёт дар минтақаи шимоли кишвар се тан ҳалок ва як кӯдаки ноболиғ дар беморхона бистарӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл дар кӯчаи марказии шаҳри Қайроққум ронандаи автомашинаи тамғаи хориҷии «Toyota», сокини 25-солаи ноҳияи Ғончӣ Бунёд Одинаев аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба ду нафар занон бо кӯдаконашон бармехӯрад, ки аз роҳ мегузаштанд.

«Дар натиҷа аз ҷароҳатҳои бардошта сокини 32-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Неъматова, писари ноблиғи ӯ, хонандаи синфи 1 Наим Неъматов ва сокини 25-солаи шаҳри Қайроққум Дилрабо Турсунова ба ҳалокат расиданд. Айни замон писари 2-солаи Дилрабо Турсунова – Мирзомуҳаммад Турсунов дар беморхона аст», – гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.