Гумонбарии собиқ раиси Кумитаи замини Панҷакент ба қонуншиканӣ

Date:

Хуҷанд. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Собиқ раиси Кумитаи замини шаҳри Панҷакент А. Отабеков ба ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин ба беш аз 100 нафар сокинони шаҳр гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, дар давраи солҳои 2005-2007 зимни дар мансаби раиси Кумитаи замини шаҳр қарор доштан ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси КВД «Кӯҳсор» Ч.С. тавассути таҳияи асноди қалбакӣ ба 103 нафар сокинони шаҳри Панҷакент аз заминҳои кишти мавзеи «Обшорон» қитъаи замин ҷудо кардааст.

Хисороти умумӣ аз амали собиқ раиси Кумитаи замини шаҳри Панҷакент дар ҳаҷми 358 ҳазору 859 сомонӣ арзёбӣ мегардад.

Аз рӯйи ин далел дар шӯъбаи тафтишоти раёсати агентии мазкур мутобиқи моддаҳои 261 (Бақайдгирии аҳди ғайри-қонунӣ бо замин),  316 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...