Хадамоти муҳоҷират: Мушкилоти асосии муҳоҷирон надонистани забони русӣ ва ҳуқуқҳои худ аст

Date:

Душанбе. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар сатҳи зарурӣ надонистани забони русӣ ва истифода аз ҳуқуқҳои худ мушкилоти аслии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мебошад, ки аз он корфармоҳои беинсофи Русия истифода мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ахири моҳи июл 20 нафар шаҳрвандони тоҷик бо ариза дар бораи напардохтани музди меҳнаташон дар ҳаҷми 617 ҳазор рубли русӣ аз ҷониби ҶДММ «Консумек» муроҷиат намудаанд.

«Дар натиҷаи гуфтушуниди кормандони хадамот ва намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия маоши шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби корхона пурра пардохта шуд», – гуфт манбаъ.

Дар намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони тоҷик даъват ба амал меоваранд, ки қабл аз шурӯъи кор ҳатман бо корхона шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонанд, зеро мавҷуд будани шартномаи меҳнатӣ зимни риоя накардани шартҳо аз ҷониби корфармо зарур аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...