Сӯхтори навбатӣ дар бозори «Корвон»

Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — Субҳи имрӯз дар бозори бузургтарини пойтахт – «Корвон» сӯхтори навбатӣ сар зад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» тоҷирони бозор хабар доданд, сӯхтор дар маҷмаии савдои «Элегант» ба амал омадааст. «Айни замон ҳудуди чаҳор мағозаи фурӯши сарулибосу пойафзол бо оташ фаро гирифта шудаанд», – мегӯянд тоҷирон. Ба қавли онҳо, дар ҷойи ҳодиса […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — Субҳи имрӯз дар бозори бузургтарини пойтахт – «Корвон» сӯхтори навбатӣ сар зад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» тоҷирони бозор хабар доданд, сӯхтор дар маҷмаии савдои «Элегант» ба амал омадааст.

«Айни замон ҳудуди чаҳор мағозаи фурӯши сарулибосу пойафзол бо оташ фаро гирифта шудаанд», – мегӯянд тоҷирон.

Ба қавли онҳо, дар ҷойи ҳодиса се дастаи сӯхторнишинон ба хомӯш кардани оташ машғуланд, вале кӯшишҳои онҳо то ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд.

«Дар ҷойи ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оташнишинон қарор дошта, қисмати марказии «Элегант» бо дуду оташ ффаро гирифта шудааст», – изҳор карданд тоҷирон.

Дар ҳамин ҳол, тоҷирон  тасдиқ месозанд, сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар шабака буда наметавонад, зеро соли ахир дар вақти ғайрикорӣ интиқоли барқ ба иншооту мағозаҳои бозори «Корвон» қатъ карда мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст