Сӯхтор дар бозори «Корвон» хомӯш карда шуд

Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Ба оташнишинон хомӯш кардани сӯхтор дар бозори «Корвон» муяссар шуд. Сӯхтор дар маҷмааи савдои «Элегнт-и бозори мазкур субҳи имрӯз сар зада буд. Сӯхтор аз ҷониби 9 дастаи оташнишинон бартараф гардид. Отша қисмати зиёди маҷмааи савдоро нобуд сохт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҷойи ҳодиса муовини сардори Сарраёсати хадамоти оташнишонии […]

Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Ба оташнишинон хомӯш кардани сӯхтор дар бозори «Корвон» муяссар шуд. Сӯхтор дар маҷмааи савдои «Элегнт-и бозори мазкур субҳи имрӯз сар зада буд. Сӯхтор аз ҷониби 9 дастаи оташнишинон бартараф гардид. Отша қисмати зиёди маҷмааи савдоро нобуд сохт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҷойи ҳодиса муовини сардори Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ Маҳмадюсуф Ҳусейнов хабар дод, Айни замон ба бинои маҷмааи савдои «Элегант» об мепошанд, то ки сохторҳои пластикиро аз нобудшавӣ наҷот диҳанд.

М. Ҳусейнов зикр кард, ки сабабҳои сар задани сӯхтор то ҳанӯз муайян карда нашудаанд. Дар ҷойи ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳузур доранд, то ки ҳодисаҳои ғоратгариро пешгирӣ намоянд.

Бозори «Корвон» дар қисмати ҷанубии шаҳри Душанбе дар майдони 14 ҳазор метрии мукааб ҷойгир шуда, яке аз бозорҳои бузургтарини кишвар маҳсуб меёбад. Дар ин бозор чандин маротиби сӯхтор ба амал омад, ки ҳаҷми умумии хисорти он беш аз 3,5 млн. $ арзёбӣ мешавад. Сабабҳои аслии ҳамаи сӯхторҳо расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ унвон гардида буд.

Сӯхтори ахир дар бозори «Корвон» 13-уми августи соли 2008 ба амал омада буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.