Шабдолов: Қонуни масъулияти падару модар тасҳеҳ мешавад

Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Шодӣ Шабдолов мӯътақид аст, ки ояндаи наздик ба Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ислоҳот ворид мегарданд. «Ҳеҷ яке аз асноди қонунгузории дар саросари ҷаҳон қабулмешуда догма нест ва онҳо бояд аз имтиҳони муаллими ҷиддие […]

Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Шодӣ Шабдолов мӯътақид аст, ки ояндаи наздик ба Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ислоҳот ворид мегарданд.

«Ҳеҷ яке аз асноди қонунгузории дар саросари ҷаҳон қабулмешуда догма нест ва онҳо бояд аз имтиҳони муаллими ҷиддие чун таърих гузаранд», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» пешвои коммунистон.

Дар робита ба масъалаи масъулияти падару модарон барои риоя накардани қонуни мазкур вай чунин ибрози андеша намуд, ки барои риояи меъёрҳои ин қонун бояд ду тарзи масъулият – маънавӣ ва маъмурӣ-ҷиноӣ пешбинӣ карда шаванд.

«Ман бар ин назарам, ки барои ба дарс ҳозир нашудан ё сайругашти шабона падару модаронро мутобиқи ин қонун ба ҷавобгарии маъмурӣ-ҷиноӣ ҷалб намесозанд. Ин ҷо мебояд аз меъёрҳои маънавиву ахлоқӣ истифода кард», – мегӯяд ӯ.

Ба ақидаи Шабдолов, феълан наврасон ба чунин корҳои зиддиҷамъиятие даст мезананд, ки барои он худи онҳо ва падару модаронашон бояд ҳатман ба ҷавобгарии маъмурӣ-ҷиноӣ кашида шаванд.

«Масалан, харобу вайрон сохтани амволи ҷамъиятӣ. Манзурам нақлиёти ҷамъиятӣ, зербинои шаҳр, таҳқири қабри фавтидагон ва ғайра. Ба ҳамаи ин бояд аз ҷиҳати маъмурӣ чора андешида шавад. Аз ин рӯ, ман чунин фикр мекунам, ки пас аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур ба як қатор асноди қонунгузорӣ, аз қабили Кодекси ҷиноӣ, Кодекси оила ва Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид карда мешаванд», – таъкид сохт ввакили палатаи поёнии парлумон.

Дар мавриди он қисмати қонун, ки ба масҷид рафтани ҷавонони синнусоли то 18-соларо манъ мекунад, Шодӣ Шабдолов изҳор кард, ки агар толибилми мактаби таҳсилоти умумӣ ё донишҷӯй мулло ё рӯҳонӣ шуданӣ бошад, пас ҷойи ӯ бояд на мактаби олии дунявӣ, балки мактаб ё донишкадаи динӣ бошад.

«Ман ҳеҷ гоҳ ҳатто дар кишварҳои исломӣ мушоҳида накардаам, ки толибилми мактаб ё донишҷӯй дарсро сарфи назар карда, барои намозхонӣ ба масҷид равад, вале дар Тоҷикистон ин падида ба хусусияти оммавӣ гирифтан оғоз мекунад. Аз ин рӯ, давлату ҷомеаро мебояд бо ягон тарзе ба он вокуниш нишон диҳанд», – афзуд Ш.Шабдолов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.