Тоҷирони бозори «Корвон» боз осеб диданд

Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — Субҳи имрӯз дар бозори «Корвон»- и пойтахт сӯхтор сар зада, молу колои даҳҳо мағозаи маркази савдои «Элегант» ба коми оташ фурӯ рафт. Айни замон сабабҳои сар задани сӯхтор муайян карда мешаванд. Сӯхтор бо иштироки 9 дастаи оташнишонӣ хомӯш карда шуд. Феълан кормандони бозор аз сабабҳои сар задани сӯхтор тахмин мезананд. […]

Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — Субҳи имрӯз дар бозори «Корвон»- и пойтахт сӯхтор сар зада, молу колои даҳҳо мағозаи маркази савдои «Элегант» ба коми оташ фурӯ рафт. Айни замон сабабҳои сар задани сӯхтор муайян карда мешаванд.

Сӯхтор бо иштироки 9 дастаи оташнишонӣ хомӯш карда шуд.

Феълан кормандони бозор аз сабабҳои сар задани сӯхтор тахмин мезананд. Яке далели содир шудани дуздӣ ва сипас оташ задани биноро аз эҳтимол дур намедонад. Чанде мегӯянд, дар ошёнаи якуми бинои «Элегант» ошхона мавҷуд аст ва шояд он сабаби сӯхтор гардида бошад. Аммо аксарият мутмаинанд, ки сабаби сар задани сӯхтор таҷзия (демонтаж)-и ноқили барқӣ аст.

Як моҳ қабл дар қисмати сӯхтаи маркази савдо кондитсионерҳо гузошта буданд. Чанде қабл бошад, аз болои бом боз як хати барқро пайваст кардаанд, то ки қисмати боқимондаро низ бо кондитсионерҳо таъмин намоянд.

Мақомоти раҳбарии бозор аз гуфтугӯ бо рӯзноманигорон худдорӣ карданд. Танҳо директори бозор Ҳалима Мавлонова гуфт, оташ майдони зиёда аз 200 метри мураббаъро нобуд сохтааст. Ӯ ба тоҷирон ваъда дод, ки аз нуқтаҳои фурӯши ҳар яке боздид намуда, ҳаҷми хисороти расидаро муайян хоҳад кард.

Айни замон дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ амал мекунад, то ки сабаби аслии сар задани сӯхторро муайян созад.Ҳамчунин дар он ҷо ҳамеша як гурӯҳи милисаҳо навбатдорӣ мекунанд, то ки ба ҳодисаҳои ғоратгарӣ роҳ надиҳанд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.