Оғози содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ҳанӯз маълум нест

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Оғози содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон то ҳанӯз маълум нест. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» хабар доданд, сохтмони қисмати хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ дар қаламрави Афғонистон ҳанӯз ба анҷом нарасида, ин метавонад боиси ҳолатҳои садамавӣ гардад. «Албатта, қарордода аллакай ба имзо […]

Заррина Эргашева

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Оғози содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон то ҳанӯз маълум нест.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» хабар доданд, сохтмони қисмати хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ дар қаламрави Афғонистон ҳанӯз ба анҷом нарасида, ин метавонад боиси ҳолатҳои садамавӣ гардад.

«Албатта, қарордода аллакай ба имзо расидааст ва мо содироти барқро бояд аз 10-уми август шурӯъ намоем, вале ба ин масъала натанҳо аз лиҳози манфиати иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати таъмини амнияти техникӣ низ мебояд назар кард», – изҳор карданд дар ширкат.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» зикр карданд, ки дар Афғонистон сохтмони ду зеристгоҳи барқӣ дар шаҳрҳои Қундуз ва Пули Хумрӣ то ҳанӯз идома дорад, ки бидуни фаъолияти онҳо садамаҳои ҷиддӣ рух додан аз эҳтимол дур нест.

Қаблан сохторҳои энергетикии ҷумҳурӣ хабар дода буданд, ки хати интиқоли барқи 220 киловолтаи Сангтӯда-Пули Хумрӣ 10-уми августи соли ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Аз намояндагии Бонки осиёгии рушд дар Тоҷикистон хабар доданд, ки маълумоти оғози содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон саҳеҳ нест ва айни замон намояндагӣ посух ба ин суолро аз қароргоҳи худ дар Манила интизор аст.

Қисмати хати интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2010 ба итмом расида буд.

Тибқи мувофиқаи ҷонибҳо, арзиши нерӯи барқи Тоҷикистон барои Афғонистон 3,5 сент барои як киловатт-соатро ташкил дода, он ҳамасола ба миқдори 2% афзоиш меёбад ва ин ҳам дар ҳолет, ки арзиши 1 киловатт соат барқи Ӯзбекистонро Афғонистон ба қимати 7,5 сент мехарад.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, ба Афғонистон дар муддати ду моҳ (август-сентябр) содир кардани на бештар аз 50-70 МВт/соат нерӯи барқ (11 млн. Квт/соат дар як шабонарӯз) ба нақша гирифта шуда буд. Дар вазорати мазкур мегӯянд, тайи се соли наздик Тоҷикистон ба Афғонистон нерӯи барқро танҳо дар мавсими тобистон содир хоҳад кард, зеро дар мавсими сармо худ ба он ниёз дорад.

Қобили зикр аст, ки масофаи хати интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ дар қаламрави Тоҷикистон 118 ва қаламрави Афғонистон 162 км-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.