Азнавсозӣ дар бозори «Ишкошим»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар доираи рушди тиҷорати наздимарзӣ бозори «Ишкошим»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар он молу колои тоҷикону афғонҳо савдо мешавад, мавриди азнавсозӣ қарор гирифт. Дар ин бозор ду болопӯши оҳанин дар майдони умумии 684 метри мурааб сохта шуда, роҳҳои даромад ба болопӯшҳо бетонрезӣ ва хатти оби нӯшокӣ гузаронида шуд. […]

Рамзия Мирзобекова

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар доираи рушди тиҷорати наздимарзӣ бозори «Ишкошим»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар он молу колои тоҷикону афғонҳо савдо мешавад, мавриди азнавсозӣ қарор гирифт. Дар ин бозор ду болопӯши оҳанин дар майдони умумии 684 метри мурааб сохта шуда, роҳҳои даромад ба болопӯшҳо бетонрезӣ ва хатти оби нӯшокӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин биное низ бунёд гардид, ки дар он озмоишгоҳ оид ба стандартизатсия ва метрология, идораҳои маъмурияти бозор ва Маркази Ассосиатсияи «Миллал-Интер» ҷойгир шуданд.

Корҳои сохтмонии мазкур дар доираи Лоиҳаи Ассосиатсияи «Миллал-Интер» дар ҳамкорӣ бо созмонҳои Бунёди Оғо Хон ва дастгирии молиявии Созмони Олмон оид ба рушди байнулмилалӣ (GIZ) анҷом дода шуданд.

Раиси Ассостсиатсияи Соҳибкорон ва Фермерони Кӯҳии «Миллал-Интер» Боймаҳмад Алибахшев мегӯяд, бо бунёди ин иншоотҳо ба қадри ҳол шароити хуби савдо муҳайё гардида, намуди зоҳирии бозор ҳам тағйир ёфт, вале дар ин ҷойҳои болопӯш танҳо нисфи савдогарон ҷойгир шуда метавонанд. «Аз ин рӯ, сохтмони боз чунин ду ҷойи фурӯши дорои болопӯш ё беҳтараш биноҳои бомпӯш зарур аст», – изҳор кард ӯ.

Дар навбати худ сардори раёсати «Тоҷикстандарт» дар ВМКБ Пайшанбе Абутуробов зикр кард, ки озмоишгоҳи бунёдгардида, бо тамоми таҷҳизоту дастгоҳи зарурӣ муҷаҳҳаз буда, ба санҷиши маҳсулоту колои ба бозор воридмешуда омода аст.

Дар ҳамин ҳол, айни замон Лоиҳа оид ба Рушд ва Савдои Наздисарҳадӣ GIZ дар Тоҷикистоон лоиҳаи сохтмони иншоот ва ободонии бозори наздимарзии «Рузвай» дар ноҳияи Дарвозро мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ғайр аз ин, Б. Алибахшов изҳор кард, ки дар макони сохтмони пули нави автомобилгард дар мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ Бунёди Оғо Хон сохтмони иншоот барои бозори наздимарзии ояндаро шурӯъ кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.