Данғара: Назди посгоҳи БДА як нафар зери чархи КАМАЗ монд

Душанбе. 9-уми август:. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Данғара назди посгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ як нафар зери чархи автомашинаи КАМАЗ монд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи КАМАЗ, сокини 29-солаи ноҳияи Ховалинг дар наздикии посгоҳи БДА дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара аз ӯҳдаи идораи автомашинаи боркаш набаромада, дар […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 9-уми август:. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Данғара назди посгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ як нафар зери чархи автомашинаи КАМАЗ монд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи КАМАЗ, сокини 29-солаи ноҳияи Ховалинг дар наздикии посгоҳи БДА дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара аз ӯҳдаи идораи автомашинаи боркаш набаромада, дар натиҷа ба сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб Акмал Ниёзов бармехӯрад.

«Акмал Ниёзови дар назди автомашинаи шахсии тамғаи «Daewoo» истода аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», – гуфтанд дар вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.