Футболбоз Фарҳод Восиев дар дастаи «Шинник»-и Ярославл бозӣ хоҳад кард

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Муҳофизатгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Фарҳод Восиев, ки узви дастаи «Жемучужина»-и Сочии Русия буд, ният дорад минбаъд дар ҳайати дастаи «Шинник»-и Ярославл ҳунарнамоӣ кунад. Бино ба маълумоти sovsport.ru, Фарҳод Восиев бояд рӯзҳои наздик бо дастаи «Шинник»-и Ярославл шартнома ба имзо расонад. Даъвати Фарҳод Восиев ба дастаи «Шинник» бо ташаббуси […]

Ҳайдар Шодиев

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Муҳофизатгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Фарҳод Восиев, ки узви дастаи «Жемучужина»-и Сочии Русия буд, ният дорад минбаъд дар ҳайати дастаи «Шинник»-и Ярославл ҳунарнамоӣ кунад.

Бино ба маълумоти sovsport.ru, Фарҳод Восиев бояд рӯзҳои наздик бо дастаи «Шинник»-и Ярославл шартнома ба имзо расонад.

Даъвати Фарҳод Восиев ба дастаи «Шинник» бо ташаббуси сармураббии нави ин даста Юрий Газзаев сурат гирифтааст, зеро ӯ бо имконоту қобилияти Ф. Восиев ҳанӯз аз замони фаъолияти муштарак дар дастаи «Криля Советов»-и Самара ба хубӣ ошност.

Қобили зикр аст, ки дастаи «Жемчужина»-и Сочи аз иштироки минбаъда дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Русия дар лигаи якум даст кашид.

Дар сомонаи расмии даста дар робита ба ин масъала хабар дода мешавад, ки сабаби даст кашидани даста аз иштирок дар чемпионат мушкилоти молиявӣ аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.