Шикояти як сокини Кӯлоб аз лутукӯби кормандони милиса

Кӯлоб. 11-уми август. «Азия-Плюс» – | Як сокини Кӯлоб аз латукӯб шудани худ ва писараш аз ҷониби кормандони милисаи шаҳри Кӯлоб шикоят кардааст. Ин мард, ки худро Аҳрор Сафаров муаррифӣ кард, ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки аз рафтори кормандони милиса ба додситонии шаҳру минтақа шикоят бурдааст, аммо онҳо шикояти ӯро қабул накардаанд. Номбурда мегӯяд, […]

Сулаймон Аҳмадзода

Кӯлоб. 11-уми август. «Азия-Плюс» – | Як сокини Кӯлоб аз латукӯб шудани худ ва писараш аз ҷониби кормандони милисаи шаҳри Кӯлоб шикоят кардааст.

Ин мард, ки худро Аҳрор Сафаров муаррифӣ кард, ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки аз рафтори кормандони милиса ба додситонии шаҳру минтақа шикоят бурдааст, аммо онҳо шикояти ӯро қабул накардаанд. Номбурда мегӯяд, ки ҳодисаи латукӯби ӯ ва писараш шаби 14-уми июн, пас аз бозии миёни дастаҳои футболи «Равшан» ва «Истиқлол» рух дода буд, вале то кунун ҳеҷ мақомоте ба арзи ӯ расидагӣ накардааст.

Аҳрор Сафаров дар нисбати ин қазия гуфт: «Ҳамон шаби беназмиҳои мухлисони футбол, дар ҳоле ки гумонбаршудагонро кофтуков мекарданд, ман дар дӯконам машғули савдо будам. Дар ин вақт бародари яке аз ҳамкоронамро се тан аз маъмурони милиса, ки яктоаш бо либоси шаҳрвандӣ буд, боздошт карданд. Ман рафта сабаб пурсидам, аммо ҷавобан аз ҷониби милисае, ки либосҳои шаҳрвандӣ дошт, ба сарам зарба хӯрда, ба даруни ҷӯйбор афтодам. Баъдан писарамро ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб бурда, латукӯб карданд».

Сиёвуши Аҳрор, фарзанди ин мард афзуд: «Чун аҳволи падарамро дида, ба берун давидам, маро боздошт карда, ба сарам бо калтаки резинӣ зада, ҳамроҳи худ ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб бурданд ва то саҳар нигоҳ доштанд. Дар он ҷо ҳам маро заданд. Субҳи рӯзи дигар маро ба ШКД-и шаҳри Кӯлоб бурда, то шом нигоҳ доштанд».

Аҳрор Сафаров илова бар ин гуфт: «Бо аризаи шикоятӣ оид ба ин амали кормандони милиса чун ба дафтари қабули аризаҳои додситонии Кӯлоб муроҷиат кардам, дар он ҷо ба ман гуфтанд, ки доир ба футбол ягон ариза қабул намекунанд. Баъди ин дилсард гашта, худам ва фарзандам аз идомаи пешниҳоди даъво даст кашидем ва алҳол омодагӣ дорем, то тарки Тоҷикистон кунем».

Сарвари созмони ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи инсон «Параллакс» Ҷумъахон Алимӣ, ки ба ин падару писар кӯмаки ҳуқуқӣ расонидааст, дар робита ба ин қазия гуфт: «Ман ҳайронам, ки чаро кормандони додситонӣ арзи онҳоро қабул накарданд, дар ҳоле ки онҳо 2 маротиба бо аризаи хаттӣ ба додситонии шаҳри Кӯлоб бо шикоят аз зарб хӯрдани қисми сар, гурдаҳо ва пойҳо зимни латукӯб шуданашон аз ҷониби кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб муроҷиат намуданд. Якчанд нафар аз сокинони шаҳри Кӯлоб низ шоҳиди он буданд, ки чӣ гуна кормандони милиса аввал Аҳрор Сафаровро мавриди латукӯб қарор дода, баъдан писари ноболиғашро ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб гирифта бурданд».

Ба қавли Алимӣ, мувофиқи моддаҳои алоҳидаи Конвенсияи зидди азияту шиканҷа, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба он ворид шудааст, ҳангоми дастгир кардан, дар тавқифгоҳҳо нигоҳ доштан ва бозпурсӣ мавриди латукӯб ва ё шиканҷа карор додани инсон мутлақо мумкин нест.

Аммо Озар Исоев, муовини додситони шаҳри Кӯлоб ворид шудани аризаи шикоятӣ аз тарафи шаҳрвандонро нисбат ба кадоме аз кормандони мақомот ба додситонӣ дар бастагӣ ба қазияи бетартибиҳои 14-уми июни мухлисони футбол рад мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои масъулини Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, пас аз ин беназмиҳо нисбати беш аз 20 нафар парвандаи маъмурӣ ва аз болои 16 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки 27-уми июл таҳқиқи ин парвандаҳо аз ҷониби додгоҳи шаҳри Кӯлоб оғоз гардидааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.