Ш. Шабдолов: Оғози сохтмони навбати аввали нерӯгоҳи «Роғун»-ро набояд мавқуф гузошт

Date:

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони кишвар Шодӣ Шабдолов дар робита ба тавсияҳои коршиносони Бонки ҷаҳонӣ перомуни худдорӣ варзидан аз оғози сохтмони навбати аввали нерӯгоҳи «Роғун» мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон набояд оғози сохтмони ин иншооти муҳимро мавқуф гузорад.

Зимни шарҳи мазмуни варақаи иттилоотии чанде қабл интишоршудаи Бонки ҷаҳонӣ роҷеъ ба тавсияҳои коршиносони ин бонк ба ҳукумати Тоҷикистон, Шодӣ Шабдолов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки ҳар як рӯзи интизорӣ метавонад ба вазъи нерӯгоҳҳои обӣ-барқии амалкунандаи силсиланерӯгоҳҳо дар рӯдхонаи Вахш таъсири манфӣ расонад.

«Феълан мизони таҳшини лойқаи нерӯгоҳи «Норак» қариб то нуқтаи ниҳоӣ расидааст ва таъхири ин кор вазъи натанҳо нерӯгоҳи «Норак», балки нерӯгоҳҳои «Бойғозӣ», «Сангтӯда-2» ва «Сангтӯда-2»-ро низ метавонад ногувор созад», – иброз дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, пешвои коммунистон далелҳои коршиносони Бонки ҷаҳониро бобати он, ки бинобар мавҷудияти ҳаҷми зиёди маводи таҳшинии ҷараёни оби рӯдхонаи Вахш, ба оғози сохтмони навбати аввали нерӯгоҳи «Роғун» бо сарбанди фосилавии баландиаш 120 метр тавсия дода намешавад,  ба кадри кофӣ асоснок намешуморад.

«Тамоми иншооте, ки дар ҷаҳон бунёд мегарданд, хоҳ нохоҳ як хатари ночизе доранд. Ҳаҷми маводи таҳшинии ҷараёни оби рӯдхонаи Вахш бошад, барои обанбори бузурге чун обанбори нерӯгоҳи «Роғун» ҳеҷ хатари ҷиддие надорад», – афзуд Ш. Шабдолов.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бо мақсади баррасии ҷараёни иҷрои таҳқиқоти бозрасӣ тибқи лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» сафари даҳрӯзаи худро ба Тоҷикистон анҷом дода, тибқи хулосаҳои худ, ба Тоҷикистон дарҳол оғоз намудани сохтмони навбати аввали нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун»-ро тавсия надоданд.

Мушовирони байнулмилалӣ, ки корҳои бозрасии техникиву иқтисодии лоиҳаро доир сохтанд,  хулосаи худро бо он шарҳ доданд, ки бинобар ҳаҷми зиёди маводи таҳшинии ҷараёни оби рӯдхонаи Вахш, айни замон ба дарҳол оғоз намудани сохтмони марҳилаи аввали нерӯгоҳ бо сарбанди фосилавии баландиаш 120 метр (дар нуқтаи 1110 метр аз сатҳи баҳр) тавсия дода намешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...