Узви шӯрои сиёсии ҲНИТ ба нишони эътироз сафи ҳизбро тарк кард

Аваз Юлдошев

Узви шӯрои сиёсӣ ва мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  оид ба масоили фарҳангӣ Мирзомуҳаммади Навид ба нишони эътироз аз сиёсати раиси кунунии ҳизб Муҳиддин Кабирӣ аз сафи ҳизб хориҷ шуд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М. Навид изҳор кард, ки ӯ ҳанӯз аз замони ҷанги шаҳрвандӣ узви ин ҳизб буда, имрӯз ҳам дар бораи сиёсати ҳизб чизи баде гуфта наметавонад. Сафҳои ҳизбро тарк гуфтани ӯ танҳо ба сиёсати пешгирифтаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ марбут аст.

«Ақидаву мавқеъи ман роҷеъ ба ин ё он масоил, ки ба фаъолияти ҳизб дахл дошт, аз ҷониби роҳбари вақти он Муҳиддин Кабирӣ ба инобат гирифта намешуд. Метавон гуфт, ки ӯ ба он аҳамият намедод. Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки сафҳои ин ҳизбро тарк созам», – гуфт М. Навид.

Собиқ узви ҲНИТ таъкид кард, ки аризаи хориҷ шудан аз сафҳои ҳибро ӯ ҳанӯз 2 моҳ пеш навишгта будааст, вале дар тамоми ин муддат М. Кабирӣ ҳатто ба сабаби чунин тасмимгирӣ таваҷҷӯҳе зоҳир насохтааст.

Дар шарҳи аз сафҳои ҲНИТ хориҷ шудани узви шӯрои сиёсӣ, муовини раиси ҳизб Маҳмадалии Ҳайит изҳор дошт, ки ба узвият пазируфтану хориҷ шудани як нафар аз сафҳои ҳизб ҳодисаи маъмулӣ дар фаъолияти ҳизб аст. «Ғайр аз ин, то ҷое ман медонам, сафи ҳизбро тарк гуфтани М. Навид ба таъини ӯ ба мансабе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ вобаста аст», – афзуд вай.

Дар ҳамин ҳол, худи М. Навид мегӯяд, ӯ муддати панҷ соли ахир ба ҳайси роҳбари Маркази тоҷикшиносӣ дар назди Китобхонаи миллӣ ифои вазифа мекунад.

«Ман ҳамчун шахси эҷодкору аҳли қалам ба ҳеҷ вазифаву мансабе ниёз надорам», – афзуд М. Навид.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе анҷумани навбатии ҲНИТ баргузор мешавад. Дар он раис ва раёсати нави ҳизб интихоб карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...