Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Украина бо диаспораи тоҷикон

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов ба вилояти Николаевски ин кишвар сафари хизматӣ анҷом дод. Дар рафти сафар як қатор вохӯриҳо ва гуфтугӯҳо бо роҳбарияти ин вилоят ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ бо иҷрокунандаи вазифаи раиси маъмурияти давлатии […]

Asia-Plus

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов ба вилояти Николаевски ин кишвар сафари хизматӣ анҷом дод. Дар рафти сафар як қатор вохӯриҳо ва гуфтугӯҳо бо роҳбарияти ин вилоят ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ бо иҷрокунандаи вазифаи раиси маъмурияти давлатии вилояти Николаевск Геннадий Николенко, роҳбарияти вилоят манфиатдории худро оид ба рушд додани муносибатҳо бо вилоят ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, бо мустаҳкам намудани алоқаи истеҳсолотӣ миёни ташкилотҳои украинӣ ва тоҷикӣ, омода намудани мутахассисон барои корхонаҳо ва соҳаи аграрии Тоҷикистон, иброз доштанд.

 Ҷониби украинӣ оид ба будубоши диаспораи тоҷикистонӣ дар ин вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, чун намуна хоҷагии деҳқонии сабзавотпарварии “С-Росток”-ро, ки роҳбарии онро Тоҳир Садриддинов (зодаи Тоҷикистон) бар ӯҳда дорад, мисол овард. Дар пояи ин хоҷагии намунавӣ, дар даҳаи аввали моҳи сентябри соли равон ҷаласаи сайёри Шӯрои минтақавӣ оид ба рушди иқтисод бо иштироки Вазорати кишоварзии Украина ва раиси маъмурияти давлатии вилояти Николаевск баргузор мегардад.

 Ҳамчунин вохӯрии Сафир бо роҳбарияти Донишгоҳи миллии ба номи Макаров, ки яке аз донишгоҳҳои техникии Украина ба шумор меравад, анҷом ёфт. Барои Тоҷикистон ин донишгоҳ аҳамияти бузург дорад, зеро таҷрибаи бузург оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи энергетикаро доро мебошад. Дар назди ин донишгоҳ маркази омӯзиши илмӣ-техникии амалӣ, ки дар соҳаи энергетика пажӯҳиш мебарад фаъолият мекунад, шӯъбаи омода намудани мутахассисон барои омӯзиш ва ҳифзи иншоотҳои обӣ кушода шудааст. Дар донишкадаи автоматика ва электротехникаи Донишгоҳ системаи назорати бехатарии техникии иншоотҳои обӣ, дар лабораторияи асбобсозии техникӣ роботи махсусе сохта шудааст, ки сарбандҳоро назорат мекунад.

 Дар Донишгоҳи номбурда зиёда аз 200 донишҷӯ аз 25 кишвари олам таҳсил мекунанд. Дар ҷараёни сӯҳбат роҳбарияти донишгоҳ тайёрии худро, ҷиҳати қабул кардани довталабони тоҷик ба хониш ва густариш додани ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои фаннии Тоҷикистон иброз дошт.

 Сафири Тоҷикистон дар Украина, ҳамчунин бо намояндагони диаспораи тоҷикон дар вилояти Николаевск вохӯрӣ гузаронд, ки дар он ба ҳамватанони бурунмарзӣ маълумот дар бораи фаъолияти Сафорати навтаъсисшуда дар чорабиниҳое, ки бахшида ба 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон аз ҷониби Сафорат баргузор мегарданд дода шуд. Махсус дар бораи будубош ва кори тоҷикистониён, фаъолияти диаспора, фаврӣ ҳал намудани мушкилоти пайдошуда, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, қайд карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.