Боздошти шаҳрванди Афғонистон бо беш аз 5 кило маводи мухаддир

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ шаҳрванди навбатии Афғонистон бо маводи мухаддир боздошт гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Абдураҳмон Бузмаков хабар дод, ахири ҳафтаи гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод шаҳрванди Афғонистонро боздошт намуда, зимни кофтуков аз ӯ ба миқдори 5,5 кило маводи мухаддир дарёфт ва […]

Сайраҳмон Назриев

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ шаҳрванди навбатии Афғонистон бо маводи мухаддир боздошт гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Абдураҳмон Бузмаков хабар дод, ахири ҳафтаи гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод шаҳрванди Афғонистонро боздошт намуда, зимни кофтуков аз ӯ ба миқдори 5,5 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира кардаанд.

Аз ифшои ҷузъиёти амалиёт ва номи боздоштшуда Бузмаков худдорӣ кард. Ӯ гуфт, айни замон кормандони мақомот ҷиҳати муайян кардани даст доштани боз якчанд нафар ба ин ҷиноят чораҳо андешида истодаанд.

Соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон аз муомилоти ғайриқонунӣ дар маҷмӯъ 310 кило маводи мухаддир мусодира карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.