Тоҷикистониёни Маскав ҷашни истиқоли давлатиро таҷлил мекунанд

Ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази фарҳангиву фароғатии «Измайлово»-и шаҳри Маскав шоми идона баргузор гардид. Дар он шаҳрандони Тоҷикистон, ки дар бахшҳои истеҳсоливу тиҷоратии ҳавзаи маъмурии Шарқии пойтахти Русия кору фаъолият доранд, ширкат варзиданд. Чорабинии мазкур бо ташаббуси шаҳрванди Тоҷикистон, соҳибкор Далерҷон Зарифов ва шарики афғонии ӯ устод Муҳаммад […]


Ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази фарҳангиву фароғатии «Измайлово»-и шаҳри Маскав шоми идона баргузор гардид.

Дар он шаҳрандони Тоҷикистон, ки дар бахшҳои истеҳсоливу тиҷоратии ҳавзаи маъмурии Шарқии пойтахти Русия кору фаъолият доранд, ширкат варзиданд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси шаҳрванди Тоҷикистон, соҳибкор Далерҷон Зарифов ва шарики афғонии ӯ устод Муҳаммад Алии Умарӣ созмон дода шуда, дар он сарояндаи ҷавони дасти маъруфи «Ориёӣ»-и Кумитаи давлатии телевизион ва радио Шаҳзоди Даврон ҳунарнамоӣ кард.

Намояндаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия Саид Боев ҳозиринро бо фарорасии ҷашни пурифитихори солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, дар бораи марҳилаҳои ташкили давлатдории тоҷикон тӯли 20 соли сипаригашта маълумот дод.

Шаҳрванди Афғонистон устод Муҳаммад Алии Умарӣ ба табрикот ҳамроҳ шуда, ба мардуми тоҷик ва сарвари давлати он барои ифтитоҳи пули навбатӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон изҳори миннатдорӣ баён кард.

Дар шоми идона ба ҷуз тоҷикистониён, ҳамчунин намояндагони миллатҳои дигар, аз қабили афғону русу украин ва дигар халқиятҳо низ иштирок карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.