Корпартоии эътирозии мураббиёни яке аз кӯдакистонҳои пойтахт

Мураббиён ва волидайни кӯдакистони рақами 143-и шаҳри Душанбе барои иваз намудани ҳайати шахсии кӯдакистон дар назди муассиса як намоиши эътиозӣ барпо намуданд. Кормандон ва волидайни кӯдакон мегӯянд, молики бино – Кароматулло Абдиев, раиси шӯрои мудирони ҶДММ «Кӯҳандиз», ки кӯдакистон дар тавозуни ин корхона аст, фармон додааст, ки ҳайати шахсии феълии кӯдакистон аз вазифа сабукдӯш карда […]


Мураббиён ва волидайни кӯдакистони рақами 143-и шаҳри Душанбе барои иваз намудани ҳайати шахсии кӯдакистон дар назди муассиса як намоиши эътиозӣ барпо намуданд.

Кормандон ва волидайни кӯдакон мегӯянд, молики бино – Кароматулло Абдиев, раиси шӯрои мудирони ҶДММ «Кӯҳандиз», ки кӯдакистон дар тавозуни ин корхона аст, фармон додааст, ки ҳайати шахсии феълии кӯдакистон аз вазифа сабукдӯш карда шуда, ба ҷойи онҳо шахсони нав таъин гарданд.

Зимни сӯҳбат бо мураббиёну ҳайати шахсии кӯдакистон К. Абдиев изҳор кард, ки танҳо мудири кӯдакистон Зулайхо Хоҷаеваро барои саркашӣ аз тобеъият сабукдӯш кардааст.

Дар навбати худ, раиси корхонаи «Кӯҳандиз» Мирзомиддин Шамсов гуфт, танҳо мудири кӯдакистон Зулайхо Хоҷаева ва мураббӣ Мавлуда Ҳамидоваро аз кор озод кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳайати шахсӣ ва падару модарони кӯдакон мегӯянд, тайи 4 соли ахир корхона ба кӯдакистон умуман маблағгузорӣ накардааст, вале «имрӯз шахсони худро ба вазифа таъин карда , соҳиби тамоми амвол шуданианд».

Ғайр аз ин, падару модарони кӯдаконе, ки дар ин ҷо тарбия мегиранд, иваз шудани ҳайати шахсии кунуниро қабул надоранд ва изҳор медоранд, ки «агар ҳатто яке аз мураббиён аз кор озод карда шавад, мо фарзандони худро дигар ба ин кӯдакистон нахоҳем овард».

Мудири кӯдакистони мазкур ва намояндагони ҶДММ «Кӯҳандиз» тасмим гирифтанд, ки ин масъаларо дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Сино ҳаллу фасл хоҳанд кард, вале З.Хоҷаева мегӯяд, агар ин муяссар нагардад, ӯ бинобар поймолкунии ҳуқуқ ва амалҳои ғайриқонунӣ аз болои мақомоти раҳбарии корхона ба раиси шаҳр М. Убайдуллоев шикоят хоҳад бурд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.