Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ

Дар ҳошияи ҷаласаи оҷили Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ дар Истамбул мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Экмелиддин Эҳсоноғлу баргузор гардид.  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва СҲИ […]

Asia-Plus


Дар ҳошияи ҷаласаи оҷили Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ дар Истамбул мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Экмелиддин Эҳсоноғлу баргузор гардид.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва СҲИ табодули назар карданд. Дабири кулли СҲИ саҳми Тоҷикистонро дар фаъолияти СҲИ баланд арзёбӣ карда, нақши кишварро дар иҷрои ҳадафу вазифаҳои Созмон махсус қайд намуд.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул мулоқот анҷом дод.

 Дар ҷараёни мулоқот самтҳои асосӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба сафари дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Афғонистон, Покистон, Россия ва Тоҷикистон, ки 2 сентябри соли 2011 дар ш. Душанбе дар назар дошта шудааст, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.