Дар Душанбе поягоҳи баландтарини парчами миллӣ дар ҷаҳон барафрохта мешавад

Шоми имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими барафрохтани парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поягоҳи баландтарини дунё дар ҷаҳон доир мегардад . Дар маросими мазкур намояндагони Китоби рекордҳои Гиннес ширкат хоҳанд варзид. Баландии поягоҳ 165 метр, паҳноии парчам дар фазои пойтахти Тоҷикистон 30 метр ва дарозии он 60 метрро ташкил медиҳад. Корҳои насбу ҷобаҷогузории сутунро мутахассисони ширкати […]

Аваз Юлдошев


Шоми имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими барафрохтани парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поягоҳи баландтарини дунё дар ҷаҳон доир мегардад

.

Дар маросими мазкур намояндагони Китоби рекордҳои Гиннес ширкат хоҳанд варзид.

Баландии поягоҳ 165 метр, паҳноии парчам дар фазои пойтахти Тоҷикистон 30 метр ва дарозии он 60 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои насбу ҷобаҷогузории сутунро мутахассисони ширкати банулмилалии «Trident Support» ба анчом расониданд, ки дар ин соҳа дар ҷаҳон ягона ширкати эътирофшудаанд. Ҳамчунин дар корҳои сохтмони поягоҳ корхонаҳои ватании «Алюминсохтмон» ва КВД «Талко» низ саҳм гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати кишвар хабар доданд, дар маросими барафрохтани парчами миллӣ президенти Тоҷикистон, аъзои ҳукумат, аҳли ҷомеа ва намояндагони корпуси дипломатии муқими ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.