Ҳабси гумонбаршудагони қатли сардори мизи бақайдгирии ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳ

Date:


Дар минтақаи шимоли кишвар афроди гумонбар ба қатли сардори мизи бақайдгирии ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Содиқ Ашӯрови 34-сола боздошт шуданд

.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ба гумони даст доштан дар ин ҳодиса рӯзи 15-уми сентябри соли равон сокинони ҷамоати мазкур Насим Салимзодаи 21-сола, Фарҳод Додобоеви 22-сола, Муҳаммадшариф Умаров, Равшанҷон Холов ва Ёсинҷон Сафарови 27-сола ба ҳабс гирифта шуданд.

Ба иттилои манбаъ, корҳои тафтишотӣ аз рӯйи парвандаи мазкур идома дошта, сабабҳои даст ба ин ҷиноят задани боздоштшудагон муайян карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ҷасади Содиқ Ашӯров бо аломатҳои марги маҷбурӣ шоми 12-уми сентябр начандон дуртар аз бинои ШКД-2-и шаҳри Исфара дарёфт гардида буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...