Роҳбари АНМН сафири Финландияро ба ҳузур пазируфт

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милиса Рустам Назаров сафири Финландия дар Тоҷикистон хонум Туулу Юрёларо ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ба баррасии масъалаи лоиҳа дар бораи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Финландия таҳти унвони «Баробарҳуқуқӣ дар назди қонун – […]

Аваз Юлдошев


Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милиса Рустам Назаров сафири Финландия дар Тоҷикистон хонум Туулу Юрёларо ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ба баррасии масъалаи лоиҳа дар бораи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Финландия таҳти унвони «Баробарҳуқуқӣ дар назди қонун – роҳи расидан ба адолат дар Осиёи Марказӣ» таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд.

Директори АНМН ба дипломати Финландия перомуни вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин самт маълумоти муфассал дод.

«Сафир муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Финландия дар масоили ҳуқуқӣ, аз ҷумла дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандонро қаноатбахш арзёбӣ намуд. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар изҳори умедворӣ карданд», – афзуд манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.