Моҳҳои январ-август сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 8,5%-ро ташкил дод

Моҳҳои январ-августи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 8,5%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра қимати маводи ғизоӣ ба андозаи 9,5% ва дигар маҳсулоти ғайриғизоӣ дар ҳаҷми 5% афзуда, афзоиши тарофаҳо ба хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ 11,2% зиёд шудаанд. Суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Моҳҳои январ-августи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 8,5%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра қимати маводи ғизоӣ ба андозаи 9,5% ва дигар маҳсулоти ғайриғизоӣ дар ҳаҷми 5% афзуда, афзоиши тарофаҳо ба хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ 11,2% зиёд шудаанд.

Суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ 1,1% (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,6%)-ро ташкил дод.

Ба иттилои манбаъ, моҳи август нархҳои истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 0,8% афзуданд, аз ҷумла қимати маҳсулоти ғизоӣ – 0,9%, дигар маҳсулоти ғайриғизоӣ -0,5% ва тарофаҳои хизматгузориҳои пулакӣ – 0,9% боло рафтанд.

Ҳукумати кишвар ният дошт, ки то ахири сол сатҳи таваррумро дар сатҳи 7% нигоҳ дорад, вале дар миёнаи сол он то ба 11% тасҳеҳ гардид.

Дар ҳамин ҳол, арзиши маҷмӯи маҳсулоти сабади истеъмолӣ барои як узви оила ба ахири моҳи июн 120,24 сомонӣ (25,2 $) ва дар ҳолати меъёри истеъмоли маҳсулоти серғизо 248 сомонӣ (52,1 $)-ро ташкил додааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.