Зарифӣ ва Морел вазъи Афғонистону Қирғизистонро баррасӣ карданд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот Сардори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, сафир Эдуард Ауэр низ иштирок кард. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти мулоқот Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо Вазирро оид ба фаъолияти худ дар […]

Asia-Plus


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот Сардори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, сафир Эдуард Ауэр низ иштирок кард.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти мулоқот Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо Вазирро оид ба фаъолияти худ дар минтақа ва сафарҳои кории хеш ба Қирғизистон иттилоъ дод ва ҷиҳати биниши вазъият дар ин кишвар фикри худро баён намуд.

 Вобаста ба ин мавзӯъ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки Тоҷикистон, ҳамчун ҳамсояи наздики Қирғизистон манфиатдори сулҳу субот ва вазъияти осуда дар ин кишвар мебошад. Ҳ.Зарифӣ оид ба вазъият дар минтақа ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя низ иттилоъ дод. Вазир ҳамчунин роҷеъ ба масъалаи дохилшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо изҳори назар кард.

 Ҷонибҳо вазъияти Афғонистон ва рушди ояндаи ин кишварро баъди баровардани қӯшунҳои коалитсионӣ дар соли 2014 муфассал муҳокима намуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки кори Конфронс оид ба Афғонистон, ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ дар Бонн баргузор мешавад, ба натиҷаҳои мусбат ноил мегардад.

 Бо хоҳиши П.Морел Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон оид ба натиҷаи Саммити Сарони давлатҳои узви ИДМ, ки дар Душанбе барпо гардид ва созишномаҳои баимзорасида дар рафти он ҷаласа иттилоъ дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.