Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Афғонистон

Date:


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи тасаллият ирсол намуд.

Дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷалолатмаоб,

 Бо андўҳи азим ва даҳшату ғазаб хабари марги фоҷиабори собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон устод Бурҳониддини Раббониро дарёфт намудам.

 Профессор Раббонӣ аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи муосири Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон буд. Нақши ин абармарди олами сиёсат дар ҷустуҷўи беҳтарин роҳҳои истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азияткашидаи Афғонистон лоиқи достонҳост, чун охирин маснаде, ки марҳум дошт, вазифаи Раиси Шўрои Олии Сулҳ дар кишвар буд.

 Душманони ободиву осоиши Афғонистон устод Раббониро ҷисман аз байни мо рабуданд, вале ёди поки ў дар дилу дидаҳо боқӣ хоҳад монд ва муборизони асилро барои кору пайкор ҷиҳати таъмини сулҳу салоҳ ва шукуфоии Афғонистон солҳои мадид рўҳбаланд хоҳад кард.

 Хоҳишмандам таъзия ва тасаллияти самимии инҷониб ва мардуми  Тоҷикистонро бо ин талафоти ҷуброннопазири мардуми Афғонистон бипазиред ва ба ёру наздикони марҳум бирасонед». Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...