Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи сарфаи энергия»-ро таҳия мекунад

Date:


Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъсиси гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи сарфаи энергия» ва «Дар бораи истихроҷ ва истифодаи ангишт» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласае, ки таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, ҳамчунин масъалаи ворид сохтани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхона» низ баррасӣ шуд.

Дар ҷаласаи Шӯро тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи нахусти иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони кишвар даъвати чорум пас аз таътили семоҳа рӯзи 3-юми октябр дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад.


 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...