Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи сарфаи энергия»-ро таҳия мекунад

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъсиси гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи сарфаи энергия» ва «Дар бораи истихроҷ ва истифодаи ангишт» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласае, ки таҳти раёсати раиси палатаи поёнии […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъсиси гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи сарфаи энергия» ва «Дар бораи истихроҷ ва истифодаи ангишт» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласае, ки таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, ҳамчунин масъалаи ворид сохтани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхона» низ баррасӣ шуд.

Дар ҷаласаи Шӯро тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи нахусти иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони кишвар даъвати чорум пас аз таътили семоҳа рӯзи 3-юми октябр дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад.


 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.