Тоҷикистон ҷашни 100-солагии Мирзо Турсунзодаро таҷлил мекунад

Моҳи октябр дар Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни 100-умин солгарди қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии ҷумҳурӣ Мирзо Турсунзода як силсила чорабиниҳо баргузор мешаванд. Тввре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов хабар дод, дар таърихи 11-уми октябри соли равон шоми назми Мирзо Турсунзода доир мегардад, ки ба он шоирону нависандагон аз собиқ кишварҳои […]

Аваз Юлдошев


Моҳи октябр дар Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни 100-умин солгарди қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии ҷумҳурӣ Мирзо Турсунзода як силсила чорабиниҳо баргузор мешаванд.

Тввре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов хабар дод, дар таърихи 11-уми октябри соли равон шоми назми Мирзо Турсунзода доир мегардад, ки ба он шоирону нависандагон аз собиқ кишварҳои шӯравӣ ва хориҷи дур даъват шудаанд.

Мувофиқи қарори ҳукумати кишвар, рӯзи 14-уми октябр дар Театри опера ва балети пойтахт бахшида ба ҷашни 100-умин солгарди шоир ҷаласаи тантанавӣ баргузор мешавад, ки дар он аз суханронии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон интизорӣ меравад.

Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, ки дар рӯзҳои ҷашн дар шаҳри Турсунзода осорхонаи шоир ифтитоҳ меёбад. Барои сохтмони бинои сеошёнаи осорхона аз бюҷети давлатӣ 6,3 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст.

Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи водии Ҳисор дар хонадони дуредгар ба дунё омадааст. Аввал дар мактаби кӯҳна, ятимхонаи Душанбе, сипас дар омӯзишгоҳи омӯзгории пойтахт ба таҳсил мепардозад. Соли 1930 Дорулмуаллимони Тошкандро ба итмом расонда, аввал дар рӯзномаи ” Ҷавонони Тоҷикистон “, баъд дар Театри давлатии мусиқии вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) кор мекунад. Соли 1939 ба раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуда аз соли 1946 то дами вопасини худ (24 сентябри соли 1977) сарвари Иттифоқи нависандагони ҷумҳуриро шарафмандона бар зимма дошт.

Фаъолияти эҷодии шоир охири солҳои бистум оғоз ёфта, нахустин маҷмӯаи манзуму мансури ӯ ” Байроқи зафар ” (1932) ва аввалин манзумааш ” Хазон ва баҳор ” (1937) чоп шудаанд. Либреттои нахустин операи миллии тоҷик ” Шӯриши Восеъ ” (1939) бо ҳаммуаллифии Абдусалом Деҳотӣ ба қалами устод Мирзо Турсунзода таалуқ дорад. Эҷоди силсилаи шеърҳо ” Қиссаи Ҳиндустон ” (1947) ва ” Ман аз шарқ озод ” (1950) ба устод Мирзо Турсунзода шӯҳрати ҷаҳонӣ бахшида, ӯро ҳамчун шахсияти тавонои меҳанпарасту озодихоҳ нишон доданд. Сипас достонҳои устод ” Ҳасани аробакаш ” (1954), ” Садои Осиё ” (1956), ” Чароғи абадӣ ” (1958), ” ҷони ширин ” (1960), ” Аз Ганг то Кремл ” (1970), ки аз ғояҳои баланди инсонпарварӣ ва муборизаи беамон алайҳи мустамликадорӣ саршоранд, дар адабиёти бисёрмиллатаи шӯрав— мавҷеи хоса пайдо карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.