Адвокатҳои Хатлон мушкилоти мубориза бо шиканҷаро баррасӣ карданд

Аввали ҳафтаи равон созмони ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи «Мубориза зидди шиканҷа дар Тоҷикистон» бо адвокатҳои амалкунанда ва намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа вохӯриҳо доир намуд. Мулоқотҳо бо мақсади баррасии мушкилоти асосӣ дар бахши мубориза зидди шиканҷа ва табодули таҷрибаи мусбат зимни анҷом додани фаъолият оид ба дифоъ […]

Сайраҳмон Назриев


Аввали ҳафтаи равон созмони ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи «Мубориза зидди шиканҷа дар Тоҷикистон» бо адвокатҳои амалкунанда ва намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа вохӯриҳо доир намуд.

Мулоқотҳо бо мақсади баррасии мушкилоти асосӣ дар бахши мубориза зидди шиканҷа ва табодули таҷрибаи мусбат зимни анҷом додани фаъолият оид ба дифоъ аз ҷабрдидагони шиканҷа созмон дода шуданд.

Дар ҷараёни вохӯриҳои мазкур зикр гардид, ки бинобар ҷой доштани норасоиҳо дар механизми вокуниши саривақтӣ ба далелҳои истифодаи шиканҷа ва ноил гардидан ба баргузории ташхиси судиву тиббӣ, ин далелҳоро наметавон сабт кард. Адвокатҳо изҳор карданд, ки баъзан бо сабаби нокофӣ будани сатҳи саводнокии кормандони мақомоти тафтишот низ ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа сурат мегиранд.

Ба андешаи раиси Президиуми ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Хатлон Ғулом Бобоев, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар ин бахш ба Кодекси ҷиноӣ ба сифати боби алоҳида мебояд тағйироту илова ворид намуд, ки дар он аз ҷониби судҳо баррасӣ намудани шикоятҳои хаттиву шифоҳӣ дар бораи истифодаи шиканҷа дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ пешбинӣ гардида бошад.

Мушкилоти дигар дар мавҷуд набудани ташхиси мустақили судиву тиббӣ ифода меёбад, зеро табибони боздоштгоҳҳо далелҳои истифодаи шиканҷаро рад сохта, мақомоти тафтишотро дастгирӣ менамоянд.

Иштирокчиёни вохӯриҳо бобати пешгирии истифодаи шиканҷа як қатор тавсияву пешниҳодот таҳия намуданд. Аз ҷумла ба ҳукумати кишвар бо назардошти таҷрибаи кишварҳои дигар таъсиси кумитаи ҷудогонаи тафтишотӣ, тобеъияти мустақим ва бевоситаи бахшҳои тиббии боздоштгоҳҳо ба Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, таъсиси Маркази мустақили ташхиси судиву тиббӣ ва баргузории ҳатмии ташхиси судиву тиббӣ дар ҳузури адвокат аз замони боздошт пешниҳод гардид.

Барои пешниҳоди кӯмаки ҳуқуқии босифат ва саривактӣ ба боздоштшудагон аз ҷониби адвокатҳо доир сохтани тренингҳои омӯзишӣ дар бораи истифодаи механизмҳои байнулмилалии муроҷиат ба Кумитаи СММ оид ба мбориза зидди шиканҷа ва дифоъ аз ҳуқуқи ҷабрдидгони он тавсия дода шуд.

Барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии кормандони мақомоти тафтишотӣ баргузории тренингҳои омӯзишӣ оид ба тарзи доир намудани тафтишот, ҷамъоварии далел ва сабти он пешниҳод карда шуд.

Дар маҷмӯъ, иштирокчиёни мулоқотҳо баргузории амалҳои муштарак ҷиҳати пешгирии истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, ҳамчунин масоили ҳамоҳангсозии ҷамъоварии маълумот барои таҳлили минбаъда ва муайян кардани вазъ оид ба истифодаи шиканҷа дар минтақаи мазкурро низ мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.