Прокуратураи Хатлон аз болои ҳукм ба ҷонибдорони Худойбердиев шикоят бурд

Date:


Прокуратураи вилояти Хатлон аз болои қарори суди вилоятӣ нисбат ба ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҷонибдорони полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев эътироф шудаанд, шикояти кассатсионӣ бурд.

Ҳамаи ҳафт нафар – Раҷабалӣ Ғафуров, Шамсиддин Ғуломов, Икром Тӯрахонов, Саидқул Эшонқулов, Умаралӣ Қурбонзода, Ҳокимҷон Донаев ва Қудратулло Қодировро дар таърихи 1-уми сентябри соли равон суди вилояти Хатлон ҳар кадомеро ба муддати 16 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳамаи гумонбаршудагон мутобиқи моддаҳои 185 қ. 1 (Ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар он), 186 қ. 2 (Бандитизм), 187 қ. 2 (Иштирок дар гурӯҳи ҷиноятпеша), 306 (Ғасби зӯроваронаи ҳокимият ё нигаҳдории зӯроваронаи ҳокимият) ва 313 (Ошӯби мусаллаҳона) гунаҳкор дониста шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи назорати қонунияти содир намудани ҳукмҳои судии прокуратураи вилояти Хатлон Шоҳрух Раҷабов хабар дод, дар асоси моддаи 10-и Қонуни ҶТ «Дар бораи афв», суд мебоист мурофиаи судиро боздошт кард, судшавандагонро аз толори додгоҳ озод мекард.

Аммо суд моддаи дигари қонуни мазкурро нисбат ба судшавандагон ба эътибор гирифта, мӯҳлати ҷазои онҳоро ду сол кам кард.

Бино ба маълумоти пешакӣ, ҳамин ҳафта дар Суди олии ҶТ шикояти кассатсионӣ баррасӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки адвокатҳои маҳкумшудагон ба Суди олӣ шикояти кассатсионӣ фиристода, хешовандони онҳо ба президенти мамлакат, прокурори генералӣ ва палатаи поёнии парлумони кишвар нома ирсол кардаанд.

Ба гуфтаи адвокати яке аз маҳкумшудагон Абдураҳмон Тӯраев, хешовандону наздикони маҳкумшудагон аз дастгоҳи сарвари давлат аллакай ба номаашон посух гирифтаанд. «Аз посухҳои мақомоти дар боло зикршудаи ҳукуматӣ бармеояд, ки зерҳимояҳои моро озод хоҳнд кард», – гуфт Тӯраев.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...