Прокуратураи Хатлон аз болои ҳукм ба ҷонибдорони Худойбердиев шикоят бурд

Прокуратураи вилояти Хатлон аз болои қарори суди вилоятӣ нисбат ба ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҷонибдорони полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев эътироф шудаанд, шикояти кассатсионӣ бурд. Ҳамаи ҳафт нафар – Раҷабалӣ Ғафуров, Шамсиддин Ғуломов, Икром Тӯрахонов, Саидқул Эшонқулов, Умаралӣ Қурбонзода, Ҳокимҷон Донаев ва Қудратулло Қодировро дар таърихи 1-уми сентябри соли равон суди вилояти Хатлон ҳар кадомеро ба […]

Сайраҳмон Назриев


Прокуратураи вилояти Хатлон аз болои қарори суди вилоятӣ нисбат ба ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҷонибдорони полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев эътироф шудаанд, шикояти кассатсионӣ бурд.

Ҳамаи ҳафт нафар – Раҷабалӣ Ғафуров, Шамсиддин Ғуломов, Икром Тӯрахонов, Саидқул Эшонқулов, Умаралӣ Қурбонзода, Ҳокимҷон Донаев ва Қудратулло Қодировро дар таърихи 1-уми сентябри соли равон суди вилояти Хатлон ҳар кадомеро ба муддати 16 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳамаи гумонбаршудагон мутобиқи моддаҳои 185 қ. 1 (Ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар он), 186 қ. 2 (Бандитизм), 187 қ. 2 (Иштирок дар гурӯҳи ҷиноятпеша), 306 (Ғасби зӯроваронаи ҳокимият ё нигаҳдории зӯроваронаи ҳокимият) ва 313 (Ошӯби мусаллаҳона) гунаҳкор дониста шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи назорати қонунияти содир намудани ҳукмҳои судии прокуратураи вилояти Хатлон Шоҳрух Раҷабов хабар дод, дар асоси моддаи 10-и Қонуни ҶТ «Дар бораи афв», суд мебоист мурофиаи судиро боздошт кард, судшавандагонро аз толори додгоҳ озод мекард.

Аммо суд моддаи дигари қонуни мазкурро нисбат ба судшавандагон ба эътибор гирифта, мӯҳлати ҷазои онҳоро ду сол кам кард.

Бино ба маълумоти пешакӣ, ҳамин ҳафта дар Суди олии ҶТ шикояти кассатсионӣ баррасӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки адвокатҳои маҳкумшудагон ба Суди олӣ шикояти кассатсионӣ фиристода, хешовандони онҳо ба президенти мамлакат, прокурори генералӣ ва палатаи поёнии парлумони кишвар нома ирсол кардаанд.

Ба гуфтаи адвокати яке аз маҳкумшудагон Абдураҳмон Тӯраев, хешовандону наздикони маҳкумшудагон аз дастгоҳи сарвари давлат аллакай ба номаашон посух гирифтаанд. «Аз посухҳои мақомоти дар боло зикршудаи ҳукуматӣ бармеояд, ки зерҳимояҳои моро озод хоҳнд кард», – гуфт Тӯраев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.