Мавқуф гузоштани ҷаласаи додгоҳии журналисти «Нури зиндагӣ»

Ҷаласаи додгоҳии журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов, ки мебоист имрӯз баргузор мешуд,  мавқуф гузошта шуд. Интизор меафт, ки маҳз имрӯз нисбат ба журналист ҳукми додгоҳ содир хоҳад шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати журналист Муҳаббат Ҷӯраева бо истинод ба суханони Раисикунанда дар мурофиа раиси суди шаҳри Табошар Саодат Атоева хабар дод, ҷаласаи додгоҳӣ бинобар […]

Мавлуда Рафиева


Ҷаласаи додгоҳии журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов, ки мебоист имрӯз баргузор мешуд,  мавқуф гузошта шуд. Интизор меафт, ки маҳз имрӯз нисбат ба журналист ҳукми додгоҳ содир хоҳад шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати журналист Муҳаббат Ҷӯраева бо истинод ба суханони Раисикунанда дар мурофиа раиси суди шаҳри Табошар Саодат Атоева хабар дод, ҷаласаи додгоҳӣ бинобар бемории яке аз мушовирони суд ба вақти дигар гузаронида шуд.

Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи қаблии додгоҳии Исмоилов рӯзи 29-уми сентябр дар бинои боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд доир гардид. Зимни музокироти ҷонибҳо айбдоркунандаи давлатӣ – додситони шаҳри Табошар Амир Ғафуров аз додгоҳ дархост кард, ки ба Исмоилов ҷазои 16-соли маҳрумият аз озодӣ дода шавад ва бо истфода аз қонуни афв мӯҳлати ҷазои ӯ ба муддати 2 сол кам гардад.

Аммо ҷониби ҳимояи журналист ба чунин ҳукм қатъан изҳори норозигӣ кард. Адвокатҳои журналист Муҳаббат Ҷӯраева ва Садриддин Саидов ҳангоми музокирот мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноят дар амалҳои журналистро таъкид сохта, мутобиқи қонунгузории маҳаллӣ ва байнулмилалӣ ӯро бегуноҳ шуморидан ва аз толори додгоҳ озод карданашро талаб намуданд.

Маҳмадюсуф Исмоилов тибқи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ дар тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҳамчунин тамаъҷӯйӣ айбдор карда мешавад.

Сардабири нашрияи «Нури зинадагӣ» Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, сабаби ба ҳабс гирифтани рӯзноманигор фаъолияти касбиаш аст. Ба гуфтаи ӯ, матолиби дар ҳафтаномаҳои «Нури зиндагӣ» ва «Истиқлол» чопшудаи Исмоилов вокунишҳои доманадореро ба бор овардаанд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.