Мусодираи беш аз 15 кило ҳашиши афғонӣ дар Душанбе

Аз ноҳияи Ванҷ дар автомашинаи тамғаи «КАМАЗ» ба Душанбе зиёда аз 15 кило ҳашиш интиқол дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни баргузории амалиёти махсус кормандони милисаи пойтахт сокини ноҳияи Ванҷ С.Ҷ.-ро бо ин миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт карда, ҳашишро мусодира намуданд. Баъдтар маълум шуд, ки ӯ […]

Наргис Ҳамробоева


Аз ноҳияи Ванҷ дар автомашинаи тамғаи «КАМАЗ» ба Душанбе зиёда аз 15 кило ҳашиш интиқол дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни баргузории амалиёти махсус кормандони милисаи пойтахт сокини ноҳияи Ванҷ С.Ҷ.-ро бо ин миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт карда, ҳашишро мусодира намуданд. Баъдтар маълум шуд, ки ӯ ин миқдор маводи мухаддирро ба пойтахт бо автомашинаи «КАМАЗ» оварда, барои фурӯш ба як сокини шаҳри Душанбе, зани 46-сола додаст. Ин зан низ боздошт шудааст.

Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Дар зарфи 8 моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаву 152 кило маводи мухаддир мусодира гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 31,5% бештар аст. Бино ба маълумоти мақомоти марбут ба мубориза бо маводи мухаддир, солҳои ахир дар таркиби маводи мухаддири мусодирашуда ҳашиш бештар ба назар мерасад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.