Манъи муомилоти хариду фурӯши қитъаҳои замини ҷудошуда барои сохтмони манзил

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон «Дар бораи истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ»-ро ба имзо расонид. Дар фармони мазкур аз ҷумла гуфта мешавад, қитъаҳои замине, ки ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудаанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон […]

Asia-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон «Дар бораи истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ»-ро ба имзо расонид.

Дар фармони мазкур аз ҷумла гуфта мешавад, қитъаҳои замине, ки ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудаанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон истифода карда шаванд.

 «Бастани аҳдҳо оид ба хариду фурўш, тўҳфа ва дигар аҳдҳои гражданӣ марбут ба ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замини ба эҳтиёҷмандони пешбининамудаи банди якуми ҳамин Фармон додашуда бе бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё хонаҳои истиқоматии нотамом ва ба қайди давлатӣ гирифтани аҳдҳои зикргардида манъ карда шавад», – омадааст дар фармони сарвари давлат.

 Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳолати ошкор карда шудани ҳолатҳои бастани ҳама гуна аҳдҳои ғайриқонунӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигии ба шаҳрванд ҷудошуда, ҳуқуқи шаҳрванд оид ба истифодаи қитъаи замини мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки дар мўҳлати се моҳ қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамомро (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон), ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд, таҳия ва тасдиқ намуда, якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқи Фармони мазкурро таъмин намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.