Кӯмаки сафорати ИМА ба ятимхонаи шаҳри Душанбе

Шӯбаи Ҳамкории Ҳарбӣ ба ятимхонаи рақами 1 шаҳри Душанбе ба маблағи $2770 Доллари ИМА таҷҳизот барои ошхона ва хонадорӣ тақдим намуд. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ин таҷҳизот 130 кӯдакони ятимро бо сифати ғизо ва сатҳи тозагӣ таъмин мекунад. Подполковник Джозеф Гросс ва Хонум Фируза Насимова Сафорати Амрикоро дар ин маҳфил намояндагӣ […]

Asia-Plus


Шӯбаи Ҳамкории Ҳарбӣ ба ятимхонаи рақами 1 шаҳри Душанбе ба маблағи $2770 Доллари ИМА таҷҳизот барои ошхона ва хонадорӣ тақдим намуд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ин таҷҳизот 130 кӯдакони ятимро бо сифати ғизо ва сатҳи тозагӣ таъмин мекунад. Подполковник Джозеф Гросс ва Хонум Фируза Насимова Сафорати Амрикоро дар ин маҳфил намояндагӣ намуданд.

Подполковник Джозеф Гросс гуфт: “Он даме, ки Сафорати Амрико хабардор шуд, ки ятимхонаи раками 1и шахри Душанбе яхдони бистсоларо истифода мебарад, мо ҳамонзамон ба ҷустуҷӯи роҳҳои иваз намудани ин яхдонро оғоз кардем, то ки саломатии кӯдакон беҳтар гардад.”

Вазорати Мудофиаи ИМА ба воситаи Барномаи Кӯмаки Башардӯстонаи Шӯъбаи Ҳамкории Ҳарбии як адад яхдони нав, оташдон, 3 адад телевизор ва 4 адад гардгиракро тақдим намуд. Барномаи Кӯмаки Башардӯстонаи Шӯъбаи Ҳамкории Ҳарбӣ ба расонидани кумак ба онҳое, ки ниёз доранд, диққати махсус меоварад. Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико тавассути Сафорати ИМА дар Душанбе барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон тақрибан 984 миллион доллар пешниҳод намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.