Таҷлили ҷашни Рӯзи забони давлатӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Дар таърихи 5-уми октябри соли 2009 Қонуни нав «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гардида, мутобиқи он чун қабл забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб шуд. Айни замон тамоми мукотибаву гуфтушунидҳо дар мақомоти давлатӣ ва корхонаву ташкилотҳо, гирифтани маълумоту таҳияи ҳуҷҷатҳо бо забони давлатӣ сурат мегирад. Мутобиқи ин […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад.


Дар таърихи 5-уми октябри соли 2009 Қонуни нав «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гардида, мутобиқи он чун қабл забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб шуд.

Айни замон тамоми мукотибаву гуфтушунидҳо дар мақомоти давлатӣ ва корхонаву ташкилотҳо, гирифтани маълумоту таҳияи ҳуҷҷатҳо бо забони давлатӣ сурат мегирад.

Мутобиқи ин қонун, забони русӣ ҳеҷ макоме надошта, танҳо дар Сарқонун он чун забони муоширати байнулмилалӣ зикр шудааст.

Қонуни қаблӣ 22-юми июли соли 1988 қабул шуда буд. Ба андешаи шоир, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Низом Қосим бо гузашти вақт қонуни нахуст қабулшуда дар бораи забон дигар ба талаботи замона ҷавобгӯ набуд, ҳарчанд ба ақидаи коршиносон, он бештар демокративу дар баробари забони давлатӣ забонҳои намояндагони аққалиятҳои миллии кишварро низ ҳимоя мекард.

«Қонуни нав дар муддати ду сол муҳити нав дар самти истифодаи забонро ба вуҷуд оварда, суханронии президенти Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ дар чорабиниҳои байнулмилалӣ ва истифодаи забони тоҷикӣ аз ҷониби мансабдорони зиёд гувоҳи онанд», – изхор дошт ӯ.

Шоир аз он изҳори таассуф мекунад, ки баъди гузашти ду сол пас аз қабули қонуни нав то ҳанӯз дар гуфтугӯ забони лаҳҷавӣ истифода гардида, аксари ВАО ва рӯҳониён ба қоидаҳои имлои забон риоя намекунанд. «Масоили тарғиби реклама дар телевизиону радио ва дигар васоити ахбори умум ва номгузории маҳаллахои аҳолинишин ва корхонаву ташкилотҳои кишвар низ таваҷҷӯҳи хоссаи ҳукуматро тақозо дорад», – гуфт Н.Қосим.

Номбурда пешниҳод дорад, ки барои таҳти назорат қарор додани ҷараёни иҷрои талаботи ин қонун мебояд дар ҷумҳурӣ Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис дода шуда, ба ҳайати он намояндагони Академияи улум, Иттифоқи нависандагон, кормандони мақомоти давлатӣ ва дигар аҳли ҷомеа шомил гарданд. «Ҳарчанд дар қонун барои риоя накардани муқаррароти он масъулият пешбинӣ шуда бошад ҳам, лекин сатҳи ин масъулият мушаххас нест», – афзуд намояндаи мардумӣ.

Шоири халқӣ, муаллифи Гимни Тоҷикистон Гулназар Келдӣ мӯътақид аст, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» акнун ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ кард. «Ин қонун барои як рӯз нест, он барои даҳсолаҳо таъин гардида, минбаъд тадриҷан ба иҷрои таъиноти худ ноил мегардад. Минбаъд тамоми шаҳрвандон забони давлатиро азхуд карда, ҳамаи ҳуҷҷатгузорӣ бо забони тоҷикӣ сурат мегирад», – афзуд шоир.

Бахшида ба ҷашн шоми имрӯз дар боғи Рӯдакии шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони аҳли зиё, ҳунармандону меҳмонон ва сокинони пойтахт чорабинии идона доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.