Дар ҳошияи Иҷлосияи 10-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкориҳои Осиё, ки кори худро имрӯз дар пойтахти Давлати Қувайт ш.Қувайт Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Филиппин Алберт дел Розарио мулоқот анҷом дод.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро аз истифодаи имкониятҳои ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкории кишварҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор доданд.


