Оғози баррасии парвандаи халабонони ҳавопаймоҳои ширкати Русия

Суди шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти раёсати раиси суди шаҳр Темур Боев баррасии парвандаи ҷиноии 2 халабони ширкати русиягии «Rolkan investmenc LTD»-ро оғоз кард. Дар рӯзи аввали мурофиаи судӣ, 12-уми октябр айбдоркунандаи давлатӣ Файзулло Холов парвандаи ҷиноиро нисбат ба шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко муаррифӣ кард, ки нисбаташон аз рӯйи моддаҳои 218 (Вайрон […]

Сайраҳмон Назриев


Суди шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти раёсати раиси суди шаҳр Темур Боев баррасии парвандаи ҷиноии 2 халабони ширкати русиягии «Rolkan investmenc LTD»-ро оғоз кард.

Дар рӯзи аввали мурофиаи судӣ, 12-уми октябр айбдоркунандаи давлатӣ Файзулло Холов парвандаи ҷиноиро нисбат ба шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко муаррифӣ кард, ки нисбаташон аз рӯйи моддаҳои 218 (Вайрон кардани қоидаҳои парвози байналминалӣ), 289 (Қочоқ) ва 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз  Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и КҶ ҶТ айб эълон шудааст.

Ба қавли айбдоркунандаи давлатӣ, Садовничий В. ва Руденко А. тариқи шартнома дар ширкати «Rolkan investmenc LTD», ки дар қаламрави Афғонистон ба кашонидани борҳои гуманитарӣ машғул буд, ғайриқонунӣ фаъолият намуда, ҳамзамон бо маслиҳати пешакӣ сарҳади Тоҷикистонро бе иҷозати хадамоти аэронавигатсияи Тоҷикистон убур карданд. «Ин нафарон дар дохили тайёра як адад муҳаррики ҳавопайморо тариқи қочоқ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид намуданд», – афзуд прокурор.

Лозим ба ёдоварист, ки аввали моҳи марти соли равон 2 ҳавопаймои боркаши АН-72, ки ба ширкати «Rolkan investmenc LTD» тааллуқ доранд, сарҳади Тоҷикистонро аз тарафи Афғонистон убур карда, дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа фуруд омаданд.

Раёсати амнияти миллии вилояти Хатлон ин убури сарҳад аз ҷониби ҳавопаймоҳои ширкати Русияро ғайриқонунӣ дониста, нисбат ба командирони ҳар ду ҳавопаймо парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.

Ба гуфтаи айбдоркунандаи давлатӣ, ин 2 ҳавопаймо аз соли 2008 то лаҳзаи боздошташон дар қаламрави Афғонистон ғайриқонунӣ фаъолият кардаанд, зеро дар қайди ягон давлат набудаанд.

Дар рафти пурсиши айбдоршавандаҳо Владимир Садовничий ва Алексей Руденко бо айби эълонкардаи муфаттишони Раёсати амнияти миллии вилояти Хатлон худро гунаҳкор надонистанд ва иброз доштанд, ки дар ҳаракатҳояшон таркиби ҷиноят вуҷуд надорад.

Аз ҷумла, В.Садовничий чунин гуфт: «Муфаттиш моро дар фаъолияти ғайриқонунӣ гунаҳкор донистааст. Мо корманди кирояем ва ҳамчун халабон танҳо парвозамонро медонем. Дар масъалаи он, ки ҳуҷҷатгузории ҳавопаймои мо дуруст набудааст, мо гуноҳе надорем ва хуро ҷавобгар ҳис намекунем. Зеро масъулияти ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳо бар дӯши ширкат аст. Мутаассифона, муфаттиш дар рафти тафтишоти пешакӣ ягон маротиба роҳбарияти ширкатро ба пурсиш даъват накард.

Ҷинояти дуввуме, ки моро айбдор кардаанд, қочоқ аст. Гӯё мо як муҳаррики ҳавопайморо бе ҳуҷҷатгузории зарурӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда бошем. Ин муҳаррик корношоям буда, ҳамчун қисми эҳтиётӣ дар дохили ҳавопаймо оварда шудааст. Аз сӯйи дигар, вақте мо дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа поин шудем, ман худам кормандони гумрук ва сарҳадбононро ба дохили ҳавопаймо даъват кардам. Онҳо ҳавопайморо тафтиш карда, санади азназаргузаронӣ тартиб додаанд, ки дар парванда мавҷуд аст. Мувофиқи ин санад, гумрукчиён ва сарҳадбонони тоҷик дар мавриди мо ягон қонуншикание ошкор накардаанд. Дар баробари ин, мо муҳаррикро ба хоки Тоҷикистон нафуровардаем ва он то кунун дар дохили ҳавопаймо аст, ки қаламрави Русия ба ҳисоб меравад.

Ҷинояти дигаре, ки айбдорамон кардаанд, гӯё мо қоидаҳои ҳаракати ҳавопаймоиро вайрон намуда бошем. Бубахшед, вақте мо дар фурудгоҳи Кобул будем, моро фармон шуд, ки ба Тоҷикистон парвоз кунем. Дар ин бора ширкати корфармои мо ҳамаи ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла, хати ҳаракати парвоз ва иҷозати парвоз ба Тоҷикистонро гирифта буд. Ман як нуктаро ин ҷо зикр карданиям, ки бе тасдиқи хати парвоз аз фурудгоҳи Кобул баланд шудани ҳавопаймо ғайриимкон аст. Худатон медонед, ки фурудгоҳи Кобул зери назорати шадиди ҳам мақомоти амниятии Афғонистон ва ҳам ИМА мебошанд. Вақте мо ба сарҳади Тоҷикистон наздик расидем, бо хадамоти аэронавигатсияи Тоҷикистон дар тамос шуда, иҷозати ворид гардиданамон ба қаламрави Тоҷикистонро дархост кардем. Дар ҷавоб аз мо хоҳиш карданд, ки рақами иҷозатномаамонро гӯем. Вақте ман рақами иҷозатномаро гуфтам, ба мо изҳор доштанд, ки ин гуна иҷозатнома дар санадҳои онҳо ба қайд гирифта нашудааст ва иҷозати воридшавӣ ба қаламрави Тоҷикистонро надоданд. Дар ин ҳолат мо таҳлил кардем, ки баргаштани мо ба фурудгоҳи Кобул хавфи техникӣ дорад. Аз ин хотир тасмим гирифтем, ки иҷозати нишасти садамавӣ пурсем. Ин ҳуқуқро ба ман ҳамчун командири ҳавопаймо санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналминалӣ додааст ва аз он истифода карда, иҷозати нишасти садамавӣ пурсидам, ки ҷониби Тоҷикистон ин иҷозатро ба мо дод. Баъдан роҳбаладии моро фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа бар дӯш гирифта, то фуруд омаданамон бо мо дар тамос буд. Дар парванда омадааст, ки мо маълумоти дурӯғ дода, иҷозати нишасти садамавӣ пурсидаем. Ба ин ман розӣ шуда наметавонам, зеро ба ҷуз дархости иҷозати нишасти садамавӣ илоҷи дигар надоштем.

Моро ҳамчунин дар убури сарҳади давлатӣ бо маслиҳати пешакӣ айбдор кардаанд, ки бо он низ розӣ нестем. Ин модда дар ҳолате амалӣ мешавад, ки ҳавопаймои номаълум аз сарҳади давлатӣ бо мақсадҳои боғараз мегузараду ба ягон мухобираи сарҳадчиён ва қувваҳои мусаллаҳи он давлат ҷавоб намедиҳад. Вале мо аз лаҳзаи ворид шудан ба сарҳади ҳавоии Тоҷикистон бо тарафи Тоҷикистон дар алоқа будем ва иҷозат гирифта, сипас дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа нишастем. Бояд гуфт, ки ҳавопаймоҳои мо ҳарбӣ нестанд. Мо ҳар амале кардем, дар асоси қонунгузорӣ, аз ҷумла, санадҳои байналминалӣ оид ба парвозҳо анҷом додем. Аз ин рӯ, мо худро гунаҳкор намеҳисобем».

Айбдоршавандаи дигар – шаҳрванди Эстония А.Руденко низ зимни пурсиши судӣ гуфтаҳои ҳамкасбашро тасдиқ карда, худро гунаҳкор надонист.

Валерий Фефер, намояндани ширкати русиягии «Rolkan investmenc LTD» оид ба ин қазия дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» чунин  ибрози назар кард: «Ман ҳамчун собиқ халабони ҳавопаймо мегӯям, убури сарҳад барои халабонони ҳавопаймоҳои шаҳрвандӣ як амри маъмулии корист, ки ҳар лаҳза ба миён омаданаш мумкин аст».

Номбурда зимни сӯҳбат ҳамчунин гуфт: «Сарвари кулли ширкатамон 5 ё 6 моҳ қабл ба сафорати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат карда буд. Ӯ дар назди сафорат 3 шабонарӯз истод, аммо ба натиҷае ноил нашуда, шикояташро ба қуттии арзу муроҷиатҳо партофт ва ба Маскав парвоз кард».

Фефер бо изҳори таассуф афзуд: «Ман қаблан фикр мекардам, ки ба сафорат рафта, хабар диҳӣ, басандааст ва онҳо барои ҳалли мушкили шаҳрвандашон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ин кормандони ширкатамон ягон фиребгар, тоҷир ё ҷинояткор нестанд. Яке аз онҳо шаҳрванди Русия, собиқ афсари артиши русиягист ва алъон дар авиатсияи шаҳрвандӣ кор мекунад. Оё намешуд, маълумот ҷамъоварӣ кунанд, ки чаро шахс 6 моҳ дар боздоштгоҳи муваққатист? Ман ҳамчун инсон намефаҳмам, чӣ гуна метавон аз ин сарфи назар кард?».

Баъд аз пурсиши айбдоршавандаҳо суд то нисфирӯзии 13-уми октябр танаффус эълон карда, дар рӯзи дуюми мурофиа ба пурсиши шоҳидон пардохт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.