Ҳушдори Амиршоева ба мансабдорон

Меъёрҳои тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо коррупсия», ки рӯзи чоршанбе палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ қабул кард, пас аз дастгирӣ шудани он аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва имзои президент мавриди амал қарор хоҳанд гирифт. Мутобиқи тағйироту иловаи воридшуда ба қонуни мазкур, аз ин ба баъд ба мансабдорони воломақомои давлатӣ […]

Аваз Юлдошев


Меъёрҳои тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо коррупсия», ки рӯзи чоршанбе палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ қабул кард, пас аз дастгирӣ шудани он аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва имзои президент мавриди амал қарор хоҳанд гирифт.

Мутобиқи тағйироту иловаи воридшуда ба қонуни мазкур, аз ин ба баъд ба мансабдорони воломақомои давлатӣ ба кор гирифтани домоду келинҳои худ манъ карда мешавад.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» яке аз муаллифони ин тағйирот намояндаи мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони кишвар Саодат Амиршоева изҳор кард, ки ҳадаф аз ворид сохтани чунин тағйирот тақвияти мубориза бо коррупсия дар вазорату идораҳои давлатӣ аст.

«То мавриди амал қарор гирифтани тағийрот ман ба мансабдорони воломақоми давлатӣ маслиҳат медиҳам, ки ҳарчи зудтар аз тобеъон-хешовандони худ халос шаванд, вагарна назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт», – таъкид кард Амиршоева.

Акнун домоду келинҳои мансабдорон низ хешовандони наздики мансабдори воломақоми давлатӣ шуморида мешаванд. Қаблан ҳамсарон, волидайн, кӯдакон ва қудоҳои мансабдорон хешованди наздики мансабдор маҳсуб меёфтанд.

Тағйироти мазкур бо ташаббуси намояндагони мардумӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва муовини раиси парлумон Назира Ғаффорова ва Баракатулло Атохоҷа (собиқ раиси шаҳри Душанбе) ва ҳамчунин собиқ додситони шаҳри Қӯрғонтеппа Саодат Амиршоева мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.