Оғози 4 парвандаи ҷиноӣ ба иттиҳоми фурӯши занони тоҷик ба фоҳишахонаҳои хориҷӣ

Додситонии кулли ҷумҳурӣ ба иттиҳоми ба Аморати Муттаҳидаи Араб фурӯхтани занони тоҷик бо мақсади истеъмори шаҳвонӣ 4 парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст. Дар ин хусус зимни баргузории семинар таҳти унвони «Стратегияи мубориза бо хариду фурӯши одамон ва меҳнати маҷбурӣ» дар шаҳри Кӯлоб сардори шӯъбаи мубориза бо хариду фурӯши одамони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ […]

Турко Дикаев


Додситонии кулли ҷумҳурӣ ба иттиҳоми ба Аморати Муттаҳидаи Араб фурӯхтани занони тоҷик бо мақсади истеъмори шаҳвонӣ 4 парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст.

Дар ин хусус зимни баргузории семинар таҳти унвони «Стратегияи мубориза бо хариду фурӯши одамон ва меҳнати маҷбурӣ» дар шаҳри Кӯлоб сардори шӯъбаи мубориза бо хариду фурӯши одамони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ полковник Ҷумъахон Каримов маълумот дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи гумонбаршудагон дар хариду фурӯши одамон боздошт ва ҷабрдидагон озод карда шудаанд.

«Дар ҳар ҳодиса 2-3 нафар ҷабрдида ҳузур дошта, аз як ҳодиса танҳо дар марҳилаи хотимавии аз қаламрави кишвар ба фоҳишахонаҳои Аморати Муттаҳидаи Араб бурдани ду гурӯҳи шаҳрвандони кишвар пешгирӣ карда шуд», – гуфт ӯ.

Семинари мазкур барои намояндагони созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб созмон дода шуда, бевосита бо иштироки намояндагони созмондиҳандаи конфронс – Маркази миллии мубориза бо хариду фурӯши одамон, факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллӣ ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират доир шуда истодааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.