Ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди таъмини барқ дар Тоҷикистон

Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» дар минтақаҳои кишвар расман реҷаи маҳдуди таъмини барқро ҷорӣ намуд. Сухангӯйи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки нерӯи барқ дар як ҳаҷми муайян ба манотиқи кишвар интиқол дода шуда, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи салоҳдиди худ онро тақсим мекунанд. Ба қавли вай, шурӯъ аз санаи 12-уми […]

Аваз Юлдошев


Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» дар минтақаҳои кишвар расман реҷаи маҳдуди таъмини барқро ҷорӣ намуд.

Сухангӯйи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки нерӯи барқ дар як ҳаҷми муайян ба манотиқи кишвар интиқол дода шуда, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи салоҳдиди худ онро тақсим мекунанд.

Ба қавли вай, шурӯъ аз санаи 12-уми октябр шабонарӯзӣ вилояти Суғд дар ҳаҷми ҳудуди 5 млн., Хатлон – 4,5 млн. ва шаҳри Душанбе – 4,7 млн. кВт/соат бо нерӯи барқ таъмин мегарданд.

«Тибқи ҳисобу китоби мутахассисони ширкат, дар сурати сарфакорона истифода бурдани ин миқдор нерӯи барқ, он бояд барои таъмини аҳолӣ ва иншооти саноатии минтақаҳо ба муддати 10-12 соат дар як шабонарӯз кофӣ бошад», – гуфт ӯ.

Ёдгорӣ бори дигар хотиррасон намуд, ки дар пойтахт ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани реҷаи маҳдуди таъмини барқ пешбинӣ нашудааст.

Сабаби асосии ба ин амал даст задани ширкатро ӯ ба коҳиш ёфтани сатҳи ҷоришавии оби рӯдхонаи Вахш марбут донист, зеро субҳи имрӯз сатҳи ҷоришавии об дар рӯдхонаи Вахш 337 метри мукааб дар як сонияро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин рӯзи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 440 метри мукааб дар як сония баробар буд.

«Агар рӯзи 5-уми октябр дар кишвар 36 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардида бошад, пас имрӯз ин ҳаҷм то 34 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз поин рафт», – зикр кард сухангӯйи ширкат. Ӯ ёдрас кард, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли барқ дар кишвар 37-38 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил медод.

Ёдгорӣ таъкид кард, ки тамоми ин чорабиниҳо баҳри «дар фасли зимистон ба мушкилоти шадиди таъмини барқ дучор наомадан» пеш гирифта шудаанд. «Соли равон бинобар камобии рӯдхонаи Вахш мо аз санаи 26-уми сентябр ба истифодаи захираҳои оби обанбори Норак шурӯъ кардем, соли гузашта бошад, танҳо санаи 27-уми октябр ин кор оғоз гардида буд», – изҳор кард Ёдгорӣ.

Соли гузашта реҷаи маҳдуди таъмини барқ дар ҷумҳурӣ санаи 2-юми ноябр ҷорӣ гардида буд. То фасли баҳор минтақаҳои кишвар дар як шабонарӯз 10 соат бо барқ таъмин мегардиданд. Шаҳрҳо аз ҷорӣ шудани чунин реҷа эмин монда буданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.