Дар Ҷиргатол волидайни сарбозро як қаллоб фиреб дод

Дар ноҳияи Ҷиргатол волидайни сарбоз тавассути пулу мол фарзандашонро аз хизмати ҳарбӣ озод карданӣ шуда, мавриди фиреби як қаллоб қарор гирифтанд. Тавре аз суди ноҳияи мазкур ва қисми низомии 0741-и мустақар дар ноҳияи Ҷиргатол хабар доданд, сарбози навдаъватшуда Душанов Эмомалӣ дар кисми ҳарбии  0741, воқеъ дар ноҳияи Ҷиргатол деҳаи Чалған» ба адои хизмати Ватан машгул […]

Ҷамшеди Фозил


Дар ноҳияи Ҷиргатол волидайни сарбоз тавассути пулу мол фарзандашонро аз хизмати ҳарбӣ озод карданӣ шуда, мавриди фиреби як қаллоб қарор гирифтанд.

Тавре аз суди ноҳияи мазкур ва қисми низомии 0741-и мустақар дар ноҳияи Ҷиргатол хабар доданд, сарбози навдаъватшуда Душанов Эмомалӣ дар кисми ҳарбии  0741, воқеъ дар ноҳияи Ҷиргатол деҳаи Чалған» ба адои хизмати Ватан машгул буд.

Боре шаҳрванд Холназаров Холиқназар аз шаҳри Душанбе ба хонаи истиқоматии падари сарбоз Душанов Шералӣ меҳмон шуда, гапро аз он сар кард, ки бо командирони писари онҳо ошнои наздик асту метавонад фарзанди онҳоро аз хизмат озод намояд.  Ӯ ба боварии волидон даромада аз онҳо 1 сар гӯсфанд ва 300 долларро гирифта ваъда мекунад, ки писарашонро аз хизмат озод менамояд.  Пас аз чанде Холназаров дубора ба манзили Душанов омада аз ҳамсари аскар –  Тӯйчиева Наврӯзмох як адад телефони мобилии Нокиа ва магнитофони (музыкальный центр) 400 доллариро барои ин кор тасарруф менамояд.

Боварии наздикони аскарбачаро дида Холназарон ба кирдори худ идома медиҳад. Аз Душанов Шералӣ автомашинаи сабукрави  рақами давлатиаш АХ 06-02 РТ 01-ро, ҳамчун «қурбонӣ» дар роҳи озод намудани фарзандашон гирифта, ба  сардори ситоди қисми ҳарбии мазкур Холов Т. ба таври ғайриқонунӣ ба маблағи 3000 доллар мефурӯшад. «Наҷотдиҳанда»  маблағи мазкурро барои эҳтиёҷоти шахсиаш истифода намуда ба Федератсияи Россия рахти сафар мебандад.  Дар маҷмӯъ Холназаров  ба ҷабрдидагон Душановхо ба маблағи 13 ҳазору 800 сомонӣ зарари моддӣ  мерасонад.

Дар ниҳояти кор волидони аскарбача фиреб хӯрданашонро фаҳмида, аз болои Холназаров ба суд муроҷиат менамоянд. 

Холназаров Холиқназар аз  оқибати амалаш тарсида, як қисми пулро аз Федаратсияи Россия равон намуда, автомашинаро ба соҳибаш бармегардонад.

Вале суд  баробари ба ҷумҳурӣ ҳозир шуданаш парвандаи Холназаровро боз  намуда, пас аз ҷуброни зарарҳои расонидааш бо дастрасии моддахои 3332, 337, 348 КМҶ Тоҷикистон ва моддаи 247, қисми «а» КҶ Тоҷикистон  ба маблағи 31 хазору 920 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима таъин кард. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.