Варзоб: Бархӯрди Musso ба КамАЗ ва шаш тани осебдида

Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ шаш нафар осеб диданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз РБДА-и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи Musso Абдуҳофиз Сангинови 34-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи қаламрави ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи КамАЗ бармехӯрад. «Бар асари бархӯрди автомашинаҳо ронандаи Musso ва […]

Наргис Ҳамробоева


Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ шаш нафар осеб диданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз РБДА-и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи Musso Абдуҳофиз Сангинови 34-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи қаламрави ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи КамАЗ бармехӯрад.

«Бар асари бархӯрди автомашинаҳо ронандаи Musso ва панҷ нафар мусофирони он, ки миёнашон навраси 16-сола низ ҳузур дошт, ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи осебдидагон ба беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб мунтақил шуданд.

Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 1 ҳазору 55 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 148 ҳодиса камтар аст. Аммо ҳарчанд шумори ҳодисаҳои садамаи нақлиёт  камтар шуда бошад ҳам, шумори осебдидагон зиёд шудааст. Тайи 9 моҳи соли равон бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт 323 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 197 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ин шумор дар ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 275 нафар ҳалокшуда ва 867 нафар ҷароҳатгирифтаро ташкил медод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.