Таҷлили ҷашни Рӯзи байнулмилалии коҳиши офатҳо дар Тоҷикистон

Имрӯз дар тамоми кишварҳои узви СММ, аз ҷумла Тоҷикистон ҷашни Рӯзи байнулмилалии коҳиши офатҳо таҷлил мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон хабар доданд, соли равон ин ҷашн таҳти шиори «Барои коҳиши хатари офатҳо иқдом бикун» доир гардида, ба масъалаи шарикӣ бо кӯдакону ҷавонон бо мақсади кам кардани хатари офатҳо гузаронида […]

Наргис Ҳамробоева


Имрӯз дар тамоми кишварҳои узви СММ, аз ҷумла Тоҷикистон ҷашни Рӯзи байнулмилалии коҳиши офатҳо таҷлил мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон хабар доданд, соли равон ин ҷашн таҳти шиори «Барои коҳиши хатари офатҳо иқдом бикун» доир гардида, ба масъалаи шарикӣ бо кӯдакону ҷавонон бо мақсади кам кардани хатари офатҳо гузаронида мешавад.

Бахшида ба ин рӯз Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва шӯъбаи маорифи шаҳри Душанбе доир ба ин мавзӯъ озмуни расмҳо баргузор менамоянд. Озмун имрӯз дар бинои Маркази кӯдакону ҷавонон (собиқ Кохи пионерон) доир мегардад.

Ҳамчунин имрӯз дар мактаби таҳсилоти умумии №52-и шаҳри Душанбе оид ба мавзӯи «Заминларза» конфронс доир гардида, дар анҷоми он машқҳои амалии кӯчонидани (эвакуатсияи) хонандагон дар чунин вазъ баргузор мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.