Ирсоли парвандаи ҷиноӣ оид ба марги Сафаралӣ Сангов ба тафтишоти иловагӣ

Date:


Парвандаи ҷиноӣ оид ба марги Сафаралӣ Сангов барои тафтишоти иловагӣ ба додситонии шаҳри Душанбе фиристода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» вакили мудофеъи ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, дар парвандаи миёни баёноти шоҳидон, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ҷамъоварӣ шудааст ва баёноти зимни мурофиаи судӣ изҳоршуда мухолифатҳо ошкор шудаанд. «Аз ин рӯ, мо ба хулоса омадем, ки мурофиа ғайривоқеъӣ сурат гирифтааст ва ба додрас дар ин хусус дархост пешниҳод кардем. Додгоҳ дар бораи ба тафтишоти иловагӣ фиристодани парванда таъинот содир намуд, аммо ба ин таъинот аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ эътироз пешниҳод гардид», – гуфт Холматова.

Акнун ҳамаи иштирокчиёни мурофиа баррасии парвандаи мазкур аз ҷониби ҳайати мушовараи додгоҳӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии шаҳри Душанберо интизоранд.

Ёдрас мекунем, ки аз моҳи июни соли равон мурофиаи додгоҳии баррасии парвандаи ду корманди фаврии милисаи шӯъбаи ҷустуҷӯйи ҷиноии ШКД-и ноҳияи Сино-1-и шаҳри Душанбе Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасанов оид ба далели марги Сафаралӣ Сангов мавқуф гузошта шуда буд. Танҳо пас аз пешниҳоди дархост аз ҷониби ҳимоя баррасии он рӯзи 14-уми сентябр дубора шурӯъ шуд. Ҳар ду корманди мақомот ба хунукназарӣ зоҳир намудан нисбат ба иҷрои вазифаҳои худ айбдор карда мешаванд.

Қазияи мазкур моҳи марти соли равон ба вуқӯъ пайваст. Гумонбаршуда ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Сафаралӣ Сангов пас аз ҳабс дар боздоштгоҳи ШКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ба шӯъбаи эҳёгарии беморхона мунтақил гардида, баъди чанде ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ бар ин назаранд, ки ӯ аз латукӯби кормандони милиса ба ҳалокат расидааст, вале ҷониби дигар инро рад сохта, мегӯяд, Сангов худро аз зинапояҳо ба поин афканда, худкушӣ кардааст.

Ҳодисаи мазкур миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Аз ҷумла, созмони байнулмилалии маъруфи дифоъ аз ҳуқуқи Amnesty International ва Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон изҳороти муштараке пахш намуда, дар он аз ҳолатҳои марги Сангов изҳори нигаронӣ намуданд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...