Сафари кории сарвазири мамлакат ба вилояти Суғд

Date:


Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ба вилояти Суғд сафари корӣ намуда, ба вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, рафти омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ аз наздик шинос гардид ва бо роҳбарияти вилоят мулоқот доир намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, Оқил Оқилов ва ҳайати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти корхонаҳои саноатии вилоят боздид намуда, бо мутахасссисону масъулини соҳа ҷиҳати самаранок истифодабарии захираҳои мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳо дод.

Ба иттилои манбаъ, сарвазири мамлакат ба корхонаи маъдантозакуниии  Адрасмони шаҳри Қайроққум омада, ба вазъи корхонаи мазкур, ки дар коркарди маъданҳои нодир яке аз корхонаҳои калонтарини мамлакат ба ҳисоб меравад, аз аз наздик шинос гардид.

Зикр гардид, ки Оқил Оқиловро дар ин сафар Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадтоир Зокиров, раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, сардори саридораи геологияи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва роҳбарони як қатор идораҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ҳамроҳӣ намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...