Таҷлили ҷашни 100-умин солгарди зодрӯзи Мирзо Турсунзода дар Душанбе

Бахшида ба 100-умин солгарди зодрӯзи шоири барӯманди тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода имрӯз дар Театри опера ва балети пойтахт чорабинии ҷашнӣ доир мегардад. Дар чорабинии ботантана бахшида ба ин ҷашн аз иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон интизорӣ меравад. Чанде қабл дар чаҳорчӯби чорабиниҳои ҷашнӣ дар шаҳри Душанбе шоми назми Мирзо Турсунзода баргузор шуд, ки дар […]


Бахшида ба 100-умин солгарди зодрӯзи шоири барӯманди тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода имрӯз дар Театри опера ва балети пойтахт чорабинии ҷашнӣ доир мегардад. Дар чорабинии ботантана бахшида ба ин ҷашн аз иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон интизорӣ меравад.

Чанде қабл дар чаҳорчӯби чорабиниҳои ҷашнӣ дар шаҳри Душанбе шоми назми Мирзо Турсунзода баргузор шуд, ки дар он шогирдону ҳамқаламони ӯ аз тамоми кишварҳои собиқи шӯравӣ ва давлатҳои хориҷи дурр иштирок карданд.

Ҳамчунин аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, ки дар чаҳорчӯби чорабиниҳои ҷашнӣ дар шаҳри Турсунзода осорхонаи шоир ифтитоҳ меёбад. Барои сохтмони бинои сеошёнаи осорхона аз бюҷети давлатӣ 6,3 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст.

Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи водии Ҳисор дар хонадони дуредгар ба дунё омадааст. Аввал дар мактаби кӯҳна, ятимхонаи Душанбе, сипас дар омӯзишгоҳи омӯзгории пойтахт ба таҳсил мепардозад. Соли 1930 Дорулмуаллимони Тошкандро ба итмом расонда, аввал дар рӯзномаи ” Ҷавонони Тоҷикистон “, баъд дар Театри давлатии мусиқии вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) кор мекунад. Соли 1939 ба раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуда аз соли 1946 то дами вопасини худ (24 сентябри соли 1977) сарвари Иттифоқи нависандагони ҷумҳуриро шарафмандона бар зимма дошт.

Фаъолияти эҷодии шоир охири солҳои бистум оғоз ёфта, нахустин маҷмӯаи манзуму мансури ӯ ” Байроқи зафар ” (1932) ва аввалин манзумааш ” Хазон ва баҳор ” (1937) чоп шудаанд. Либреттои нахустин операи миллии тоҷик ” Шӯриши Восеъ ” (1939) бо ҳаммуаллифии Абдусалом Деҳотӣ ба қалами устод Мирзо Турсунзода таалуқ дорад. Эҷоди силсилаи шеърҳо ” Қиссаи Ҳиндустон ” (1947) ва ” Ман аз шарқ озод ” (1950) ба устод Мирзо Турсунзода шӯҳрати ҷаҳонӣ бахшида, ӯро ҳамчун шахсияти тавонои меҳанпарасту озодихоҳ нишон доданд. Сипас достонҳои устод ” Ҳасани аробакаш ” (1954), ” Садои Осиё ” (1956), ” Чароғи абадӣ ” (1958), ” ҷони ширин ” (1960), ” Аз Ганг то Кремл ” (1970), ки аз ғояҳои баланди инсонпарварӣ ва муборизаи беамон алайҳи мустамликадорӣ саршоранд, дар адабиёти бисёрмиллатаи шӯрав— мавҷеи хоса пайдо карданд.

Заҳматҳои устод  Мирзо   Турсунзода  дар назди халқу ватанаш борҳо қадр карда шудааст. Вай соли 1951 академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1961 Шоири халқии Тоҷикистон ва соли 1967 Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ гардидааст. Эҷодиёт ва фаъолияти ҷамъиятиву давлатии устод бо Мукофотњои давлатӣ (1948) ва ленинӣ (1960), Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба адабиёт ва фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қадр карда шудааст.Ҷоизаҳои зиёди байналхалқӣ дорад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7  майи  соли 2001 ба устод  Мирзо   Турсунзода  барои заҳматҳои бузург ва матонат нишон доданаш дар бунёди пояҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои хизматҳои пурарҷаш дар инкишофи адабиёт ва таҳким бахшиданаш ба дӯстии халқҳо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.