Саттор Турсун: Хизмати Мирзо Турсунзода дар адабиёти имрӯзи тоҷик бузург аст

Устоди бузурги адабиёти тоҷики асри гузашта Мирзо Турсунзода дар баробари ба насли оянда аз худ боқӣ гузоштани осори гаронбаҳо, боз барои тарбияи як зумра шоирону нависандагони тоҷик хизмати арзанда кард, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ҶТ дар соҳаи адабиёт Саттор Турсун. Ба гуфтаи ӯ, яке аз […]


Устоди бузурги адабиёти тоҷики асри гузашта Мирзо Турсунзода дар баробари ба насли оянда аз худ боқӣ гузоштани осори гаронбаҳо, боз барои тарбияи як зумра шоирону нависандагони тоҷик хизмати арзанда кард, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ҶТ дар соҳаи адабиёт Саттор Турсун.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз хизматҳои арзандаи Турсунзода дар ривоҷу равнақи адабиёти тоҷики асри гузашта дар он ифода меёбад, ки ӯ истеъдодҳоро пайдо карда, дар тарбияи онҳо фаъолона мусоидат мекард ва мунтазам онҳоро аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ менамуд.

«Масалан, Устод барои дастгирии як истеъдоди тоза ба эҷод шурӯъкарда, интишори корҳо ва ташкили вазъи хуби маишиву истироҳати ӯ метавонист бо ҳама гуна роҳбари сатҳи давлатӣ дар баҳсу талош бошад», – гуфт адиб.

Ба андешаи нависанда, Мирзо Турсунзода дар замони худ барои таҳкими дӯстии самимиву ҳақиқии мардуми собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ, бахусус Осиёи Марказӣ саҳми босазо гузоштааст, ки «бо гузашти замон ҳеҷ як сиёсатмадор наметавонад онро рахна созад».

«Бо итминон метавон гуфт, ки дастовардҳои адибони тоҷик дар нимаи дуюми асри гузашта натиҷаи кӯшишҳои Устод дар тарбия ва дастгириии шоирону нависандагони он замони ҷавони тоҷик аст, ки имрӯз шоирону нависандагони шинохта эътироф шудаанд», – афзуд Саттор Турсун.     

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.